Ҷомеъашиносон: ҷаҳон ошуфтатар шудааст

© Sputnik / Максим Блинов / Гузаштан ба хазинаи аксВалерий Федоров, мудири кулли Маркази пажӯҳиши афкори умумии Русия. Акс аз бойгонӣ
Валерий Федоров, мудири кулли Маркази пажӯҳиши афкори умумии Русия. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ҷомеъашиносон мегӯянд, таниши геополитикӣ дар ҷаҳон афзоиш ёфтааст.

ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Ҷомеъашиноси рус Валерий Федоров мегӯяд, ки дар яку ним соли ахир таниши геополитикӣ дар ҷаҳон афзудааст.

Валерий Федоров, мудири кулли Маркази пажӯҳиши афкори умумии Русия, дар ҳамоише ки имрӯз дар хабаргузории “Россия сегодня” баргузор шуд, гуфт: “Мо ҳамакнун шоҳиди раванди афзоиши таниши геополитикӣ дар ҷаҳон ҳастем ки онро “ошуфтагии саросарӣ” мехонем. Агар пештар чунин менамуд, ки ин ошуфтагӣ танҳо Русияро фаро гирифта, вале пажӯҳишҳо нишон медиҳанд ки дар як соли ахир ошуфтагӣ саросари ҷаҳонро фаро гирифтааст”.

Вай гуфт, ки ҳамакнун дониста нест кай таниши геополитикӣ дар ҷаҳон коҳиш хоҳад ёфт.

Лентаи хабарҳо
0