Тоҷикистон дар интизори Наврӯз аст

© Sputnik СтрингерБарномаҳои наврӯзӣ дар Душанбе
Барномаҳои наврӯзӣ дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Шаҳрвандон ва меҳмонони Тоҷикистон чашм ба роҳи Наврӯз ҳастанд. Имсол барномаи аслии ҷашн дар шаҳри Турсунзода баргузор хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Барномаҳои ҷашни Наврӯз имсол дар Тоҷикистон аз 21 март оғоз мешаванд.

Бино ба иттилоъи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, барномаҳои ҷашни Наврӯз дар боғҳои шаҳрии Душанбе — "Дӯстии халқҳо" ва "Пойтахт", Боғи Садриддин Айнӣ ва майдони "800-солагии Маскав" бо ширкати ҳунармандон ва иҷрои намоиши ҷашнӣ баргузор мешаванд.

Рустами Эмомалӣ - Sputnik Тоҷикистон
Шаҳрдории Душанбе барои баргузории бозиҳои варзишӣ дар Наврӯз 155 300 сомонӣ ҳазина хоҳад кард

Бар асоси қарори сарпарасти шаҳрдории Душанбе Рустам Эмомалӣ дар поёни ин барномаҳо аз соати 19:00 то соати 21:00 маросими вижаи оташбозӣ баргузор мешавад ки таи он аз ҳафт бурҷи шаҳри Душанбе бо фосилаи 5 дақиқа аз тӯпҳо оташ шиллик хоҳанд кард.
22 март дар майдони марказии шаҳри Турсунзода бо ширкати кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва дигар раҳбарон намоиши бошукӯҳ баргузор мешавад.

Имсол Наврӯзро дар Тоҷикистон чаҳор рӯз — аз 21 то 24 март — ҷашн мегиранд ва ин рӯзҳо расман таътилӣ эълом шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала