Даҳ хонаводаи қирғиз аз Помир ба Қирғизистон мекӯчанд

© Фото : Пресс-служба Государственной службы миграцииҚирғизҳои Помир. Акс аз бойгонӣ
Қирғизҳои Помир. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Даҳ хонаводаи қирғиз аз Помири Афғонистон ба вилояти Норин кӯчонида мешаванд

ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Хабарнигори "Sputnik Қирғизистон" аз қавли намояндаи Ҳукумати Қирғизистон дар вилояти Норин Амонбой Ғойибов гузориш медиҳад, ки ин хонаводаҳоро аз Афғонистон кӯчонда ва дар вилояти Норин ҷобаҷо хоҳанд кард. Ҳазинаи иҷораи манзил барои ин хонаводаҳоро ҳукуматҳои ин ноҳияҳо пардохт хоҳанд кард.

Вай ҳамчунин гуфт, тарҳи кӯчонидани хонаводаҳои қирғиз аз Помири Афғонистонро Девони вазирони Қирғизистон матраҳ карда ва Намояндагии Ҳукумат ва Хадамоти давлатии муҳоҷират онро баррасӣ кардаанд.

Ғойибов афзуд: "Обу ҳавои панҷ ноҳияи вилояти Норин бо муҳити зисти кунунии ин хонаводаҳо монанд аст. Дар ҳар як аз панҷ ноҳия — Оқ-Тало, Норин, Ҷумгал, Қучқор, От-Бошӣ — ду хонавода ҷой дода хоҳад шуд. Дар кулл даҳ хонавода кӯчонида мешаванд. Қарор шуд, ки ҳазинаи иҷораи манзили ин хонаводаҳоро ҳукуматҳои он ноҳияҳо пардохт кунанд".

Суханронии Оқохони 4 зимни ифтитоҳи ДОМ дар шаҳри Нарини Қирғизистон - Sputnik Тоҷикистон
Оқохони IV: ДОМ-қувваест, ки метавонад зиндагии мардумро тағйир диҳад

Гуфта мешавад, ки хонаводаҳои қирғиз дар моҳҳои апрел — май аз Помир кӯчонида хоҳанд шуд ва ду моҳи аввалро дар шаҳри Норин ба сар хоҳанд бурд то бо шароити муҳити зисти нав созгор шаванд.

Бино бар додаҳои Хадамоти давлатии муҳоҷирати Қирғизистон, ҳамакнун дар Помир камобеш 2100 қирғиз, аз он ҷумла беш аз 1200 тан дар Помири Хурд ва 825 тан дар Помири Калон, зиндагӣ ба сар мебаранд.

© Фото : Пресс-служба Государственной службы миграцииКӯмаки башардӯстонаи ҳукумати Қирғизистон ба қирғизони Помир
Жизнь памирских кыргызов - Sputnik Тоҷикистон
Кӯмаки башардӯстонаи ҳукумати Қирғизистон ба қирғизони Помир

Давлати Қирғизистон то кунун чаҳор бор ба қирғизҳои Помир ёрии башардӯстона фиристода аст. Дар соли 2014 низ бо ёриву ҳамкории сафорати Қирғизистон дар Кобул беш аз 80 дарсади шаҳрвандони қирғизтабори Афғонистон шиносномаҳои он кишварро дарёфт карданд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала