Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Нерӯҳои амниятии Русия як ҷангҷӯи тоҷики "Давлати исломӣ"-ро дар Маскав боздошт карданд

© Sputnik / Антон Денисов / Гузаштан ба хазинаи аксдастгир шудани террористон аз ҷониби қувваҳои амниятӣ дар Маскав, акс аз бойгонӣ
дастгир шудани террористон аз ҷониби қувваҳои амниятӣ дар Маскав, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Нерӯҳои амниятӣ мегӯянд ки шаҳрванди Тоҷикистон аз Туркия омада буд то 8-уми март дар Маскав амалиёти интиҳорӣ анҷом диҳад

ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Хабаргузории "РИА Новости" бо истинод ба рӯзномаи маскавии "Известия" хабар медиҳад, ки нерӯҳои амниятии Русия як шаҳрванди Тоҷикистонро ба иттиҳоми теруризм боздошт кардаанд.

Бино бар ин гузориш, ин шаҳрванди 23-солаи Тоҷикистон ки номашро Иззатилло М. гуфтаанд, авоили моҳи март аз Истонбул ба Маскав омадааст. Ӯро дар яке аз фурудгоҳҳои ин шаҳр барои бозрасӣ нигаҳ доштаанд ва чун машкук буда, хостаанд ба Тоҷикистон ихроҷ кунанд. Вале Иззатилло дар вокуниш ба ин хабар аз тарс даст ба худкушӣ зада, аммо нерӯҳои амниятӣ аз он пешгирӣ кардаанд.

Дар паи бозҷӯӣ ошкор шуда ки Иззатилло аз ҷангҷӯёни "Давлати исломӣ" (созмони теруристии ДОИШ ки фаъолияташ дар Русия мамнуъ эълом шудааст) буда ва фиристода шуда ки 8 март дар Маскав амалиёти интиҳорӣ анҷом диҳад.

Нерӯҳои амниятӣ ин қазияро бозҷӯӣ доранд то теруристҳоеро ки бояд Иззатиллоро бо маводи мунфаҷир мусаллаҳ мекарданд, пайдо ва дастгир кунанд.

Гуфта мешавад, ки Иззатилло ба нерӯҳои амниятии Тоҷикистон вогузор шудааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала