Ду баробар арзонтар: Тоҷикистон боҷи воридотии мошинҳои хориҷиро арзон кард

Коршиносон бар ин боваранд ки коҳиши молиёти гумрукӣ шароитро барои густариши зерсохторҳои гардишгарӣ, беҳбуди муҳити зист ва рафту омад дар роҳҳо мусоъид хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Маҷлиси Тоҷикистон боҷи гумрукӣ барои воридоти худравҳои нав ба кишварро 50 дар сад кам кард.

Коҳиши 50 дарсади боҷи гумрукӣ барои воридоти худравҳои нав ба Тоҷикистон бахше аз тарҳи ислоҳи Қонуни буҷаи соли 2017 буд, ки Маҷлиси намояндагон онро дирӯз, 15 март тасвиб кард.

Бино бар ин ислоҳот, ин коҳиш худравҳоеро дар бар мегирад, ки аз сохташон як сол нагузашта ва ё 10 000 килуметр нагашта бошанд.

Ин шароит воридоти чаҳор навъ худрав — сабукрав, борбар, мусофирбар ва махсусро шомил хоҳад шуд.

Коршиносон бар ин боваранд ки коҳиши молиёти гумрукӣ шароитро барои густариши зерсохторҳои гардишгарӣ, беҳбуди муҳити зист ва рафту омад дар роҳҳо мусоъид хоҳад кард.

Вазири рушди иқтисод ва бозаргонии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода бар ин назар аст ки ин иқдом ангезае барои афзоиши воридоти худравҳои нав мешавад ки таъсире мусбат бар будҷаи кишвар хоҳад дошт.

Ёдоварӣ мекунем ки раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми солонаи аз коҳиши боҷи гумрукии воридоти худравҳои хориҷӣ низ хабар дода буд.

 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала