Сохтмони нави пулиси шаҳри Исфара ифтитоҳ шуд

© Фото : Аз дафтари матбуоти ВКД ҶТИфтитоҳи бинои милитсия дар Истаравшан. Акс аз бойгонӣ
Ифтитоҳи бинои милитсия дар Истаравшан. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири умури дохилаи Тоҷикистон дар шаҳри Исфара сохтмони нави пулисро ифтитоҳ кард

ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ медиҳад, ки Рамазон Раҳимзода пас аз ифтитоҳи сохтмони нав бо муҳити кори кормандони пулис аз наздик ошно шуда ва аз кайфияти таъмиру имконоти сохтмон қаноатманд шуд.

Вай ҳамчунин фаро расидани ҷашни Наврӯзро ба кормандони пулиси шаҳри Исфара табрик гуфта ва дастур дод, ки дар остонаи ҷашн ва ҳангоми баргузории барномаҳои ҷашнӣ амнияти шаҳрвандон ва назму низомро дар ҷомеъа таъмин кунанд.

Лентаи хабарҳо
0