Мактуби Назарзода ба Тошканд дар арафаи Наврӯз: “ташаккур барои кӯмак”

© Sputnik Махпора КиромоваРустам Назарзода, акс аз бойгонӣ
Рустам Назарзода, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Роҳбари Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон барои кӯмаки иҷтимоӣ ба аҳолии аз тарма зарардидаи Тоҷикистон ба Узбакистон изҳори миннатдорӣ баён намуд

ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Роҳбари КҲФ ҶТ Рустам Назарзода дар арафаи Наврӯз ба ҳакорони узбекаш мактуб равон карда, барои кӯмакҳои иҷтимоии кишвари ҳамсоя изҳори миннатдорӣ баён намуд.

Тибқи ахбори дафтари матбуоти ВКХ ҶУ "Ба сафорати Ҷумҳурии Узбакистон дар Тоҷикистон мактуби ҷаноби Назарзода расидааст".

Дар мактуб раиси КҲФ ба ҳукумати Узбакистон ва ҳамкорони узбекаш изҳори миннатдорӣ баён намудааст.

Ғайр аз ин Назарзода ба ба КҲФ Узбакистон низ мактуб равон намуда изҳори миннатдорӣ баён намудаст. Дар мактуб қайд карда мешавад, ки мардуми тоҷик барои дастгирии ҳамсоякишвар самимона миннатдор аст.

Ҳавопаймои Airbus A330, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Сафири Узбакистон умедвор аст ки парвозҳо миёни Душанбе ва Тошканд ба зудӣ аз сар гирифта мешаванд

Кӯмаки башарӣ таҳти сарпарастии як ҳайат аз Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Убекистон бо сарварии ҷонишини аввали вазир, полковник Комилҷон Орипов ба Тоҷикистон равон карда шуд.

Ҳаҷми умумии кӯмаки башарӣ наздик ба 60 тоннаро ташкил дод. Ҳайати Узбекистонро дар гузаргоҳи марзии "Дӯстӣ"  худи раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда Рустам Назарзода, ҷонишини директори Агнетии захираҳои модӣ Зиёдуллоев ва сафири Фавқулодда ва Мухтори ҶӮ дар ҶТ Шоисломов истиқбол гирифтанд.

Сарвари Кумитаи ҳолтаҳои фавқулодда дар суханронии худ ба ҷониби Узбекситон барои пуштибонӣ аз аҳолии зарардидаи Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуд.

Вай ҳакориҳо миёни КҲФ Тоҷикистон ва ВҲФ Узбекистонро дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда баланд арзёбӣ кард.

Полковник Комилҷон Орипов, намояндаи Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Узбекистон зикр намуд, ки ёрии башарӣ ба Тоҷикистон ин як намунаи муносибатҳои неки ҳамсоягӣ миёни ду кишвар ва халқҳоест, ки бар пояи дӯстии анъанавӣ побарҷост.  

  Ба гуфтаи сафири Узбакистон дар Тоҷикистон, ҳамсоякишвар дар оянда низ талошҳояшро барои таҳким ва рушди равобит миёни ду кишвар идома хоҳад дод.

Лентаи хабарҳо
0