Коршинос: Наврӯз ҷашни исломӣ нест, вале дар даврони Шӯравӣ мамнӯъ буд

© Фото : Taimur & Nazir StudioҶашни Наврӯз дар Нюйорк. Акс аз бойгонӣ
Ҷашни Наврӯз дар Нюйорк. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ба қавли дотсенти Донишгоҳи миллии АвруОсиё ҷашни байналмиллалии Наврӯз (21-уми март)-Соли нави мардуми эронитабор ва туркзабон тадриҷан маънои нави ахлоқӣ касб мекунад

ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik.  Айнур Нагаева коршиноси Донишгоҳи миллии АвруОсиё ба номи Л.Н.Гумилев мегӯяд, ки гарчанде иди Наврӯз бо дини ислом рабте надорад, вале дар даврони Шӯравӣ ҷашнгирии он мамнӯъ буд.

Ин ҷашни миллӣ буда, ба дини ислом рабте надорад. Пайдоиши Наврӯз ба давраҳои пеш аз ислом рост меояд. Наврӯз дар рӯзи баробаравии шабу рӯз қайд карда мешавад.

Таҷлили Наврӯз дар Маскав. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Чаро имсол дар Маскав Наврӯзро дар рӯзи ханда ҷашн мегиранд?

Айнур Нагаева дар сӯҳбат бо Sputnik Озарбойҷон мегӯяд, ки иди Наврӯз ҷашни дӯстӣ аст: "Ин ҷаши бисёр қадима аст ва таърихи зиёда аз панҷҳазорсола дорад. Аз аввал Наврӯз рамзи бедоршавии табиатро дошт. Яъне дар навбати аввал ин ҷашни баҳор аст. Тадриҷан ин ҷашн маънои фарохтар гирифта, ба анъана ва фарҳанги миллатҳои гуногун бадал шуд".

"Ин ҷашни муҳаббати инсон нисбати табиат аст. Сарфи назар аз он,ки Наврӯз иди исломӣ набуда, пайдоиши он ба давраҳои бисёрхудоӣ рост меояд, дар даврони Шӯравӣ ҷашнгирии он мамнӯъ буд. Ва муддати тӯлонӣ мо имкон надоштем, ҷашни Наврӯзро қайд кунем".

© SputnikКак отмечают Навруз в Таджикистане
Как отмечают Навруз в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Как отмечают Навруз в Таджикистане

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала