Шабнам Сурайё Наврӯзро бо тоҷикон дар Вошингтон ҷашн гирифт

© Фото : Elegant (I AM Photographer)Шабнами Сурайё
Шабнами Сурайё - Sputnik Тоҷикистон
Яке аз номдортарин ситораҳои ҳунари Тоҷикистон - Шабнам Сурайё дар базми наврӯзии тоҷикон дар шаҳри Вошингтон ҳунарнамоӣ кард

ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Шабнам Сурайё дар поёни ҳафтаи гузашта барои ҳунарнамоӣ дар барномаи наврӯзии тоҷикон ба пойтахти Амрико сафар карда буд.

Ин барномаи наврӯзиро сафорати Тоҷикистон дар Вошингтон баргузор намуд ва дар он гурӯҳи амрикоии "Silk Road Company" низ ҳамроҳ бо Шабнам ҳунарнамоӣ кард.

© Фото : Аз саҳифаи фейсбукии Озода ИмомқуловаКонсерти Шабнами Сурайё дар Амрико
Консерти Шабнами Сурайё дар Амрико - Sputnik Тоҷикистон
1/2
Консерти Шабнами Сурайё дар Амрико
2/2
Шабнами Сурайё дар Амрико
1/2
Консерти Шабнами Сурайё дар Амрико
2/2
Шабнами Сурайё дар Амрико

Таронаҳои шоди Шабнам аз нахустин оҳанг меҳмонони ин базмро хушҳол мекард. Бисёре аз ширкаткунандагон бо овозхон ҳамхонӣ мекарданд, дигарон ҳамчунон ки нишаста буданд, дасту шона меҷунбонданд. Дере нагузашт ки бархе аз тамошобинон аз ҷо бархостанду дар гирди саҳнае, ки Шабнам ҳунарнамоӣ мекард, рақсидан гирифтанд.

Яке аз ширкаткунандагон дар ин барнома гуфт: "Базм чунон гарм буд ки ҳеч кас наметавонист дар сандалияш ором биншинад. Бисёре бархоста мерақсиданд!".

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала