Рақсу суруд: базми наврӯзӣ дар Маскав

Обуна шудан
Дар Маскав дар рестурони “Садбарг” ба муносибати фаро расидани ҷашни Наврӯз барномаи идона баргузор гардид

Дар рестурони "Садбарг" дар Маскав бо ширкати ҳунармандон аз чанд кишвар барномаи наврӯзии "Атри Наврӯз" баргузор шуд.

Ин барномаро раҳбари гурӯҳи рақсии "Гулчин" Фарҳод Ҷонмаҳмадзода ташкил кард. Вай дар суҳбат бо хабарнигори Sputnik гуфт, ҳадаф аз баргузории ин барнома ҳамроҳ бо намояндагони дигар миллатҳо яке ҷашн гирифтан аз соли нави миллӣ ва дигар ошно кардани дигарон бо фарҳангу ойинҳои тоҷикон аст.

"Ман кӯшиш кардам, ки дар базми имрӯза натанҳо ҳунармандони тоҷик, балки намояндагони дидгар миллатҳо низ ҳунарнамоӣ кунанд, то ҳамватанони мо аз фарҳанги мусиқиву рақсии онҳо низ огаҳӣ дошта бошанд".

Дар ин базм Аскарали Гулов, Ардамеҳр Алишод, гурӯҳи ширинкорон, дастаҳои ҳунарии "Хурсандӣ" ва "Гулчин", Рустам Галимов ва дигарон ҳунарнамоӣ карданд.

Лентаи хабарҳо
0