Низомиёни Русия "гурӯҳе аз ҷангҷӯён"-ро дар Тоҷикистон торумор карданд

© Sputnik / Павел Лисицын / Гузаштан ба хазинаи аксРазмоиши низомиёни рус дар кӯҳҳои Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Размоиши низомиёни рус дар кӯҳҳои Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Сарбозони пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон дар размоише гурӯҳе аз ҷангҷӯёнро ошкор ва торумор карданд

ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умуми Минтақаи низомии марказии Русия, дар размоише, ки пойгоҳи 201 Русия дар Тоҷикистон баргузор кард, низомиён гурӯҳе аз ҷангҷӯёнро бо ҳавопаймои бесарнишин ё "паҳпод" (парандаи ҳидоятпазир аз дур) дар кӯҳистон ошкор намуда ва бо чархболҳо торумор карданд

Дар ин размоиш корбурди паҳподҳои "Элерон" озмуда шуд. Ҳавопаймоҳои бесарнишин ҷойгоҳу масири ҳаракати корвони ҷангҷӯёни шартӣ муайян карда ба ситоди фармондеҳии размоиш иттилоъ медоданд.

Чархболи ҳарбӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Чархболҳои Русия "теруристҳо"-ро дар Тоҷикистон нобуд карданд

Дар ин шабеҳсозӣ, "гурӯҳи токтикии гурдон дар кӯтоҳтарин замон сари роҳи корвони "ҷангҷӯён" сангар гирифт ва бо пуштибонии чархболҳои Ми-8 ва Ми-24 душманро нобуд кардан гирифт. Пас аз торумори нерӯҳои аслии корвон, сарбозон бар ҷангҷӯён тохтанд ва онҳоро яксара нобуд карданд".

Пештар хабар дода шуд, ки нерӯи ҳавоии пойгоҳи 201 дар размоишгоҳи "Ҳарбмайдон" партоби мушакҳои ҳидоятнашаванда ба ҳадафҳои заминӣ ва бумборони корвонҳо ҳангоми ҳаракат, паноҳгоҳҳо ва анбори ҷангафзорҳои гурӯҳҳои тундрави ҳаросафканро тамрин кард.

Ҳамчунин нерӯҳои амниятии Тоҷикистон дар размоише бо низомиёни амрикоӣ равишҳои пайкор бо гурӯҳҳои тундраву ҳаросафкани байналмиллалиро тамрин мекунанд.

Гуфта мешавад, ки размоиш аз  27 март то 7 апрел баргузор шуда дар он 150 намоянда аз вазорати дифоъи ИМА ва 100 намоянда аз нерӯҳои амниятии Тоҷикистон ширкат хоҳанд кард.

Лентаи хабарҳо
0