Дар Тоҷикистон дар 50 соли гузашта 70 дарсади ҷангалзорҳо нобуд шуданд

© Предоставлено Тимуром ИдрисовымТемур Идрисов. Акс аз бойгонӣ
Темур Идрисов. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Намояндаи созмони бумшиносии "Замини хурд" Темур Идрисов вазъи ҷангалҳои Тоҷикистонро нигаронкунанда хонд

ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Бино бар гузоришҳои Созмони миллали муттаҳид, вазъи бешаву ҷангалҳо дар Тоҷикистон сол аз сол бадтар мешавад.  Густараи ҷангалҳо дар Тоҷикистон рӯз аз рӯз тангтар мешавад, вале бешаҳо ҳамчунон буридаву нобуд мешаванд. Коршиносон нигаронанд ки ин раванд офатҳои табиъиро дар пай хоҳад дошт.

Темур Идрисов, намояндаи созмони бумшиносии "Замини хурд", дар ин бора мегӯяд: "Нигаҳбонӣ ва бозкошти  бешазорҳо — коре душвор ва раванде замонбар аст. Ин кор ниёз ба сармояву фанновариҳои навоварона ва беҳбуди мудирияти ҷангалдорӣ дорад".

Бино бар гузориши Созмони ҷангалдории Тоҷикистон, дар 50 соли гузашта 70 дарсад аз ҷангалҳои кишвар нобуд шудаанд.

"Ҳарчанд ҷангалу бешаҳо дар Тоҷикистон бозкошт мешаванд, вале ин раванд наметавонад коҳиши майдони ҷангалҳоро ҷуброн кунад. Дарахтҳо дар кӯҳистон бисёр дер мерӯянд, аз ин рӯ, рӯёндани ҷангал дар кӯҳсор замонбар аст ва дар бархе аз маворид онро наметавон барқарор кард", — мегӯяд Темур Идрисов.

Ин намояндаи созмони бумшиносӣ гуфт, бино бар бароварди коршиносони олмонӣ, дар 10 сол танҳо 0,5 дарсад аз бешазорҳои нобудшударо метавон барқарор кард.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала