Роҳу равиши Узбакистон: чаро Мирзиёев рӯи Душанбе ва Маскав ҳисоб накард

© Sputnik / Болат Шайхинов Кишвардорони Узбакистон ва Қазоқистон Шавкат Мирзиёев ва Нурсултон Назарбоев
Кишвардорони Узбакистон ва Қазоқистон Шавкат Мирзиёев ва Нурсултон Назарбоев - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Раиси Ҷумҳурии Узбакистон ҳамкориҳои танготанг бо ҳамсояҳои наздикро бартар аз баландпарвозӣ дар саҳнаи сиёсати байналмиллалӣ мешуморад

ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Дувумин раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев дар нахустин сафарҳои расмии худ роҳи Ашқобод ва Остонаро пеш гирифт. Коршиносон бар ин боваранд, ки ин сафарҳо роҳу равиши ояндаи сиёсати хориҷии Тошкандро ошкор мекунанд.

Коршиноси умури кишварҳои Осиёи Марказӣ Андрей Грозин дар посух ба ин суъол ки чаро Шавкат Мирзиёев сафарҳои хориҷияшро аз Ашқобод оғоз карда, мегӯяд: "Агар вай сафарҳои хориҷияшро аз Остона оғоз мекард, он дар афкори умум чунин бозтоб меёфт ки гӯё Қазоқистон дар минтақа нақшу ҷойгоҳе бартар дошта бошад. Аз ин рӯ, нахустин мақсадро Туркманистон интихоб карданд".

Бисёре аз коршиносон интизор доштанд ки Мирзиёев дар нахустин сафари хориҷияш роҳи Маскавро пеш хоҳад гирифт. Вале сафари раисҷумҳури Узбакистон ба Қазоқистон бештар бо мантиқи сиёсати хориҷии кишвар созгор аст.

Андрей Грозин дар ин бора мегӯяд: "Ин сафар ҳангомабарангезу ғайри оддӣ нест. Баррасии суханрониҳои Мирзиёев пеш аз интихоб ба симати раисҷумҳур ошкор мекунад, ки хатти машй ё роҳу равиши сиёсати хориҷии Тошканд дар дурнамои миёнмуддат роҳандозии равобити пойдори дӯстона бо ҳамсояҳои наздикаш хоҳад буд. Тошканд пештар низ ин сиёсаташро пинҳон намедошт".

Ба гуфтаи вай, аз ин рӯ буда, ки сафар ба Маскав барои раҳбари Узбакистон бартарӣ надошт ва хушоянд ҳам набуд.

"Узбакистон ва Қазоқистон хостори роҳандозии равобити дӯстона миёни кишварҳои ҳамсоя дар минтақа ҳастанд. Афзун бар ин, Қазоқистон аз нигоҳи иқтисодӣ бар дигар кишварҳои минтақа бартарӣ дорад. Бо таваҷҷуҳ ба ин воқеъиятҳо, шигифтовар мебуд, агар Мирзиёев аввал аз Маскав боздид мекард. Аз ин сафар на Пекинро хуш меомад ва на бисёреро дар Вошингтун ва Бруксел", — гуфт Грозин.

Вай ҳамчунин бар ин бовар аст, ки Мирзиёев бо таваҷҷуҳ ба танишҳое, ки дар миёни Тошканду Душанбеву Бишкек аз дер боз вуҷуд доранд, Тоҷикистон ва Қирғизистонро мақсади нахустин сафараш интихоб накард.

Муовини мудири Пажӯҳишгоҳи кишварҳои ҳамсуд Владимир Евсеев дар мусоҳиба бо Sputnik дар ин бора гуфт: "Ин авохир равобит миёни Узбакистон ва Тоҷикистон рӯ ба беҳбудӣ ниҳода ва ҳамкорӣ миёни ин ду кишвар усулан имконпазир шудааст. Пештар чунин ҳамкорӣ имконпазир набуд, зеро Ислом Каримов нисбат ба Тоҷикистон сиёсати хушунатомезе дошт то ҷое ки марзи миёни ду кишвар минкорӣ шуда буд. Воқеъият чунин аст ки дар Узбакистон тоҷикҳо зиндагӣ ба сар мебаранд ва дар Тоҷикистон узбакҳо. Акнун гузор аз марз барои ин ду мардум осонтар шудааст. Кишварҳо гузаргоҳҳои бештаре дар марз кушодаанд ва бозорҳои марзӣ низ фаъол шудаанд".   

Яке аз нахустин гомҳои Шавкат Мирзиёев дар симати раҳбари Узбакистон одисозии равобит бо Тоҷикистон буд. Дар ин росто рафту омади заминӣ ва ҳавоӣ миёни ду кишвар аз сар гирифта мешавад.

Коршиносон эҳтимол медиҳанд, ки Шавкат Мирзиёев аз сиёсати бетарафонаи Ислом Каримов пайравӣ хоҳад кард, вале ин бетарафӣ акнун муаддабона хоҳад буд ва дигар роҳҳои оҳану ҳавоиро нахоҳанд баст ва марзҳоро ҳам минкорӣ нахоҳанд кард.

Узбакистон дарашро чун Туркманистон ба рӯи ҷаҳон нахоҳад баст, вале фаъолияташро дар чорчӯби созмонҳои байналмиллалӣ ва паймонҳои низомиву сиёсӣ, аз он ҷумла Созмони Паймони амнияти ҷамъӣ (ОДКБ), камтар хоҳад кард.

Мирзиёев ҳамвора дар суханрониҳояш таъкид карда, ки Узбакистон ба ҳеч паймонҳои низомӣ нахоҳад пайваст, пойгоҳи низомии ҳеч кишвареро низ дар сарзаминаш ҷой нахоҳад дод ва сарбозҳои узбак низ берун аз қаламрави кишвар дар ҳеч ҷангу набарде ширкат нахоҳанд кард.  

Ёдовар мешавем, ки Шавкат Мирзиёев аз пойтахти Туркманистон дар рӯзҳои 6 — 7 март боздид карда буд. Дирӯз вай ба Остона рафт. Интизор меравад, ки раисҷумҳури Узбакистон 5 апрел ба Русия сафар кунад.

Лентаи хабарҳо
0