Ҳунармандони Хуҷанд дар назди Эмомалӣ Раҳмон "бе фонограмма" суруд хонданд

Обуна шудан
НовостиTelegram
Ҳунармандони панҷ гурӯҳи созию овозии шаҳри Хуҷанд дар назди раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври зинда суруд сароиданд

ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон таҷлили Наврӯзро дар вилояти Суғд идома медиҳад. Бино ба иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳур дирӯз дар кохи "Суғдиён"-и шаҳри Хуҷанд бахшид ба ҷашни Наврӯз ҳунармандони панҷ ансамбл барномаи дидание пешкаши сарвари давлат ва меҳмонон карданд.

Гуфта мешавад, ки сараввал раисҷумҳур дар назди муҷассамаи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, ки дар наздикии ин кох ҷойгир аст, гулчанбар гузошта, пас ба кохи "Суғдиён" ворид шуд.

Пешвози Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд сафар кард

Кохи "Суғдиён", соли 2016 дар рӯзҳои таҷлил аз 25-умин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд.

Дар назди ин муассисаи фарҳангӣ панҷ дастаи ҳунарӣ:- ансамбли рақсии "Зебо", ансамбли рақсии ба номи Ғаффор Валаматзода, ансамбли ҳунарии созҳои миллии "Сайҳун", ансамбли созию овозии ба номи Борбад ва дастаи рақсии балет таъсис дода шуд.

Айни замон дар панҷ ансабли навтаъсиси назди Кохи фарҳанги "Суғдиён" 238 нафар, ки бештари онҳоро наврасону ҷавонон ташкил медиҳанд, фаъолият доранд.

Барномаи мукаммали консертӣ, ки аз нигоҳи сатҳ ва муҳтаво беҳтарин арзёбӣ гардид, аз ҷониби ҳунармандони панҷ ансамбли навтаъсиси назди Кохи фарҳанги "Суғдиён" бе истифодаи фонограмма ё худ ба таври зинда манзури иштирокдорон карда шуд.

Дар фарҷом Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунари волои наврасону ҷавонони соҳибистеъдод, ки маҳорати худро дар бахшҳои овозхонию навозандагӣ ва рақс нишон доданд, баҳои баланд дода, баргузории чунин чорабиниҳои фарҳангиро дар рушду нумӯи ояндаи санъати миллӣ ва муосири тоҷик муҳим маънидод намуданд.

Лентаи хабарҳо
0