Таркиш дар Бритониё: 30 нафар захмӣ шуд

© Sputnik / Михаил Фомичев / Гузариш ба медиабонкМошини ёрии таъҷилӣ. Акс аз бойгонӣ
Мошини ёрии таъҷилӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар паи таркиши балони газдор дар Бритониё зиёда аз 30 нафар захмӣ шуда, ҳолати ду кас вазнин арзёбӣ мешавад

ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Бино ба иттилоъи хабаргузории РИА Новости дар қисмати ғарбии Бритониё таркиш ба амал омадааст.

Таркиш дар яке аз хонаҳои шаҳри Бебингтони Ливерпул ба вуқӯъ пайваст. Дар натиҷаи таркиш зиёда аз 30 нафар захмӣ шуда, ҳолати ду кас вазнин арзёбӣ мешавад.

Би-би-си хабар медиҳад, ки дар дохили бино ансамбли рақсӣ ва тарабхонаи чинӣ ҷойгир шудааст. Замони таркиш дар дохили бино меҳмонони зиёде қарор доштаанд.

Ба ҷои ҳодиса кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва мошинҳои ёрии таъҷилӣ ҳозир шудаанд. 

Лентаи хабарҳо
0