Ҳайъати баландпояи Фаластин ба Тоҷикистон меояд

© SputnikҚасри миллат. Акс аз бойгонӣ
Қасри миллат. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Муовини вазири умури хориҷаи Фаластин Мазен Шамия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд

ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, ин намояндаи баландпояи давлати Фаластин 27 — 30 март аз Душанбе боздид хоҳад кард.

Қарор аст ки дар дидору мулоқоте ки Мазен Шамия бо тарафи тоҷикӣ хоҳад дошт, масоили равобити дуҷониба баррасӣ шаванд.

Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори эътироф шудани истиқлоли Фаластин аз сӯи ҷомеъаи ҷаҳонӣ аст.

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов дар нишасти панҷуми фавқулоддаи Созмони ҳамкориҳои исломӣ (СҲИ) дар масъалаи Фаластин ва Қудси шариф аз талошҳои раҳбарони Фаластин ва мардуми он барои дастёбӣ ба эътирофи байнулмилалӣ пуштибонӣ карда буд.
Вай аз тарафҳои низоъ даъват кард музокироти сулҳҷӯёнаро аз сар бигиранд ва роҳи ҳалли одилона ва пойдоре дар ҷаҳорчӯби абзорҳои байнулмилалӣ ҷустуҷӯ кунанд.

Дар поёни кори он ҳамоиш эъломия ва қатъномаи Ҷакарта дар бораи Фаластин ва Қудси Шариф қабул шуда буд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала