Ҳарамгул Қодир аз бадҳиҷобии Шабнам Сурайё интиқод кард

Рӯзноманигори тоҷик Ҳарамгул Қодир дар изҳороте дар сафҳаи фейсбукии худ шеваи ҳиҷобпӯшии Шабнам Сурайёро зери тозиёнаи интиқод гирифт.
ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Ҳарамгул Қодир дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки либоспӯшии бархе аз овозхонҳои тоҷикро наметавон "на исломӣ ва на миллӣ ва на мазҳабӣ" донист.

Ин рӯзноманигор мегӯяд, дар ҳоле ки дар Тоҷикистон либоспӯшии занон мавриди баррасӣ қарор мегирад, "чаро ин ситораҳоро дарси адаби фарҳанги миллӣ намедиҳанд?" 

Ҳарамгул Қодир таъкид мекунад: "Аслан ман ба ҳама намуди либоспӯшӣ эҳтиром дорам ва худам тарзи муаяйн ва қолаби махсус дорам ки дар ҳар кишвар ва ҷамъияте, ки набошам, ба бар мекунам.

Вале ҳадди ақалл бояд дастурдиҳандагону иҷрокунандагон дарк кунанд, ки дар зеҳни шаҳрванд ё журналист ин суол матраҳ мешавад, ки чаро масъулин танҳо домани занони маъмулиро мегиранд, дар сурате ки фарҳангу пӯшоки бегонаро на шаҳрвандони оддӣ, балки ҳунарпешаҳову овозхонҳову сарояндаҳо тарғиб мекунанд".

Ин бонуи рӯзноманигор аз масъулини Кумитаи умури занону хонавода мепурсад: Чаро бо сарояндаҳое, ки пӯшоки арабиву амрикоиву намедонам боз кадоме дигарро дар саҳнаву экран таблиғ мекунанд, коре надоранд, вале бо хонумҳое, ки бечора мондаву ба хотири нони фарзандонашон бозорнишин шуда ва ё онҳое, ки бо амри шавҳар ва ё аз рӯи эътиқод сатр мепӯшанд, мушкил доранд?

Ҳарамгул бархе аз мансабдоронро муттаҳам ба пуштибонӣ аз овозхонҳо карду гуфт: "Пушти сари ҳар сарояндае, ки ингуна либос мепӯшад, чор кавалери чиновник ва хеши оила истодааст, ки сар ба сар шудан бо онҳо ба маънои аз даст додани курсиву мансаб аст!"

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала