Комроншоҳ Устопириён барои ду сол аз ширкат дар мусобиқаҳо маҳрум шуд

Обуна шудан
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва гардишгарии Тоҷикистон Комроншоҳ Устопириёнро барои бадрафторӣ дар майдони куштӣ аз ширкат дар мусобиқот дар саросари кишвар барканор кард

ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умуми ин ниҳод, паҳлавон Комроншоҳ Устопириён бино ба тасмими ин Кумита аз 1 апрели соли 2017 то 1 апрели соли 2019 аз ширкат дар мусобиқаҳои маҳаллӣ, минтақаӣ ва кишварӣ барканор шудааст.

Дар бораи ин қарор Дилшод Назаров, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва гардишгарии Тоҷикистон, ки таҳқиқи рафтори Комроншоҳ Устопириёнро бар уҳда дошт дар мусоҳиба, ки дар торномаи ин кумита нашр гардид, хабар дод.

Комроншоҳи Устопириён - Sputnik Тоҷикистон
Узрхоҳии дубораи Комроншоҳи Устопириён: доварон ва мухлисон иштибоҳ накардаанд

Далели ин муҷозот бадрафтории ин варзишкор дар майдони куштӣ аст, ки 23 март пеш аз эъломи қаҳрамони мусобиқаи куштӣ дар Наврӯзгоҳ, бо ишораи даст дашном дода буд. Ин лаҳзаро дурбинҳо сабт карданд ва баъдан дар интернет мунташир шуд. Гуфта мешуд, варзишкор довари асосии мусобиқоти куштиро дашном додааст, аммо вай дар як суҳбат бо расонаҳо гуфт, ишорааш ба тамошобиноне буд, ки дашномаш доданд.

Ин варзишкор пештар аз ҳаводорони куштӣ узр хоставу доваронро муттаҳам ба ноҳаққӣ карда буд, вале сипас дар изҳороте дигар дар сафҳаи фейсбукии худ гуфт, доварону мухлисон иштибоҳ накардаанд, балки худ эҳсосотӣ шудааст.

Нахустин қаҳрамони тоҷик дар торихи мусобиқоти куштии Осиё

Комроншоҳ Устопириён расо як сол пеш — дар апрели соли 2016 қаҳрамони мусобиқоти байнулмилалии ҷудо дар вазни то 90 килуграм шуд. Ин дастовард ӯро нахустин қаҳрамони тоҷик дар риштаи ҷудо дар Осиёи Марказӣ кард.

Комроншоҳ Устопириён 7 январи соли 1993 дар Масчо ба дунё омадааст. Ӯ дастпарвари донишкадаи тарбияи бадании Донишгоҳи давлатии Хуҷанд аст ва онро дар соли 2015 ба поён бурдааст.

Ин варзишкор то соли 2012 дар варзиши самбо куштигирӣ мекард ва аз он пас ба варзиши ҷудо рӯй овард. Мураббии аввалини ӯ падараш — Устопир Устопириён буда, сипастар бародараш Фаридун Устопириён ӯро машқ додааст. Ҳамакнун бо роҳбарии Владимир Елчанинов машқ мекунад. Комроншоҳ дорандаи унвони "Устоди варзиши байнулмилалӣ" аст.

Дастовардҳо: Қаҳрамони мусобиқоти Ҷоми Урупо дар соли 2013 дар Киев (Украина); ҷойгоҳи севум дар сабқат барои дарёфти Ҷоми Владимир Путин дар соли 2013 дар Хасавюрт (Доғистон); ҷойгоҳи севум дар мусобиқоти Ҷоизаи бузурги Алмато (Қазоқистон); Ҷойгоҳи севум дар мусобиқоти Ҷоизаи бузурги Тошканд (Узбакистон, 2013); ҷойгоҳи дувум дар Ҷоми Осиё дар Тайван (2014); Мақоми панҷум дар Бозиҳои 17-уми Осиёӣ дар Инчхон (Кореяи Ҷанубӣ,2014); қаҳрамони Ҷоизаи бузурги Остона (Қазоқистон,2014); мақоми севум дар қаҳрамонии Осиё дар Қувайт дар соли 2015; мақоми панҷум дар Ҷоми Осиё дар Тайван (2015); қаҳрамони Ҷоизаи бузурги Тошканд (2016).

Лентаи хабарҳо
0