Чигуна метавон Наврӯзро ҳамзамон дар панҷ кишвар ҷашн гирифт

Бунёдгузори боғи мардумшинохтии “Этномир” дар вилояти Калугаи Русия мегӯяд барои ҷашн гирифтани Наврӯз бо суннатҳои мардумони Осиёи Марказӣ, ниёзе нест ба кӯҳистони Помир ё даштҳои Қазоқистон сафар кунед

Ҳафтаи гузашта дар ин боғ Наврӯзро бо шукӯҳи хосса ҷашн гирифтанд. Ҳар як гӯшаи боғро бар пояи суннатҳои мардумони гуногун оро дода буданд. Меҳмонон бо шеваҳои ҷашнгирии Наврӯз дар миёни мардумони кишварҳои Осиёи Марказӣ ошно шуданд.

Хонаи Плмирӣ дар Маскав. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ҷалби сайёҳон: дар Маскав дар давоми чор рӯз хонаи Помирӣ сохтанд

Боғи мардумшинохтии "Этномир" дар ҳудуди 140 гектар замин дар вилояти Калуга ҷойгир шудааст. Дар ин боғ на танҳо ғурфаҳои намоишии суннатӣ, балки хонаҳову кӯшкҳои бузурги мардумони Русия ва ҷаҳон сохта шудаанд.

Вале бунёдгузори ин боғ Руслан Байрамов бар он аст, ки рушди ҳаматарфаи боғ ва осорхона дар он вақт муяссар мешавад, ки агар ҳукумати ин ё он кишвар ба ин таваҷҷуҳ дошта бошад.

Наврӯз — ҷашни оғози соли нави нуҷумӣ дар миёни мардумони эронитабор аст ки онро бархе аз турктаборон, аз он ҷумла дар Русия, Қафқоз, Осиёи Марказӣ ва Осиёи Хурд низ ҷашн мегиранд. Моҳи сентябри соли 2009 ЮНЕСКО Наврӯзро дар феҳрасти осори фарҳангии башар шомил карда ва дар поёни моҳи феврали соли 2010 Маҷмаъи умумии СММ 21 мартро "Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз" эълом кард.

© SputnikРамзҳои Наврӯз.
Наврӯз дар Этномир - Sputnik Тоҷикистон
1/13
Рамзҳои Наврӯз.
© SputnikХонае, ки ба таври манзилҳои мардуми Осиёи Марказӣ оро дода шудааст.
Наврӯз дар Этномир - Sputnik Тоҷикистон
2/13
Хонае, ки ба таври манзилҳои мардуми Осиёи Марказӣ оро дода шудааст.
© Sputnik Игорь ПантинМеҳмонон дар озмунҳои гуногун ширкат мекунанд.
Наврӯз дар Этномир - Sputnik Тоҷикистон
3/13
Меҳмонон дар озмунҳои гуногун ширкат мекунанд.
© SputnikПарчами Тоҷиккистон дар боғ-осорхонаи "Этномир".
Наврӯз дар Этномир - Sputnik Тоҷикистон
4/13
Парчами Тоҷиккистон дар боғ-осорхонаи "Этномир".
© Sputnik Игорь ПантинМеҳмонон ҳама ба рақс.
Наврӯз дар Этномир - Sputnik Тоҷикистон
5/13
Меҳмонон ҳама ба рақс.
© Sputnik Игорь ПантинЯгон ҷашни наврӯз бе оши палав намегузарад.
Наврӯз дар Этномир - Sputnik Тоҷикистон
6/13
Ягон ҷашни наврӯз бе оши палав намегузарад.
© SputnikПухтани оши палав дар осорхона-боғи "Этномир".
Наврӯз дар Этномир - Sputnik Тоҷикистон
7/13
Пухтани оши палав дар осорхона-боғи "Этномир".
© SputnikЛухтакҳои тоҷикӣ дар осорхонаи "Этномир"-и вилояти Калуга.
Наврӯз дар Этномир - Sputnik Тоҷикистон
8/13
Лухтакҳои тоҷикӣ дар осорхонаи "Этномир"-и вилояти Калуга.
© SputnikКорвонсарой дар осорхона-боғи "Этномир".
Наврӯз дар Этномир - Sputnik Тоҷикистон
9/13
Корвонсарой дар осорхона-боғи "Этномир".
© SputnikНамоишгоҳи "Шри-Ланка" дар "Этномир".
Наврӯз дар Этномир - Sputnik Тоҷикистон
10/13
Намоишгоҳи "Шри-Ланка" дар "Этномир".
© SputnikДоирадастон ба меҳмонон ҳунари худро нишон медиҳанд.
Наврӯз дар Этномир - Sputnik Тоҷикистон
11/13
Доирадастон ба меҳмонон ҳунари худро нишон медиҳанд.
© SputnikАнсамбли байнулмилалии "Меҳрубонон" дар хизмати меҳмонон.
Наврӯз дар Этномир - Sputnik Тоҷикистон
12/13
Ансамбли байнулмилалии "Меҳрубонон" дар хизмати меҳмонон.
© SputnikБарномаи корсертӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз дар осорхона-боғи "Этномир"-и вилояти Калуга.
Наврӯз дар Этномир - Sputnik Тоҷикистон
13/13
Барномаи корсертӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз дар осорхона-боғи "Этномир"-и вилояти Калуга.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала