Сабаб ва ҳодисаи боздошти автомобили консули фахрии Тоҷикистон дар Петербург аниқ нест

Автомобили дипломатӣ, ки ба номи консули фахрии Тоҷикистон дар Петербург Муҳаммадназар Мирзода ба қайд гирифта шудааст, шаби 31-уми март пас аз оташфишонӣ дар яке аз ноҳияҳои шаҳр боздошт гардид

ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik.  Дар яке аз кӯчаҳои шаҳри Петербург тирпарронӣ ба амал омад, хабар медиҳад оҷонси "Фонтанка".

Пас аз ин кормандони полиси Русия автомобилеро бо рақамҳои дипламатӣ боздошт намуданд.Чуноне ки маълум гардид, "Мерседес" ба номи консули фахрии Тоҷикистон ба қайдгирифта шуда будааст.

Чуноне ки "Фонтанка" менависад сабаби таъқиб намудани автомобили дипломатӣ ҳодисаи тирфишонӣ дар кӯчаи Благодатний гаштааст, ки мувофиқи ахбори манбаъ, автомашинаи консули фахрӣ низ ба он ҷо буд.

Шарҳи бештари ҳодиса тафсил дода намешавад ва аниқ нест.

Вазифаи консули фахрии Тоҷикистонро дар пойтахти шимолии Русия Муҳаммадназар Мирзода адо мекунад.

Мирзода аз соли 2010 инҷониб консули Тоҷикистон дар Санкт-Петербург аст. Аз ҷониби Владимир Путин бо ҷоизаи "300-солагии Санкт-Петербург" сарфарозонида шудааст.

Ба наздикӣ дар Петербург бо иштироки сафири Тоҷикистон Имомуддин Сатторов консулгарии генералии ҶТ ифтитоҳ ёфта буд.

 

 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала