Парвози Тошканд - Душанбе ҳам лағв шуд

© Flickr / Aleksandr ZykovФурудгоҳи Тошканд, акс аз бойгонӣ
Фурудгоҳи Тошканд, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Парвози Тошканд - Душанбе, ки мебоист фардо, 4 апрел, анҷом шавад, ба далели камбуди мусофир лағв шуд

ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Ширкати мусофирбарии ҳавоии "Ӯзбекистон ҳаво йӯлларӣ" нахустин парвоз дар масири Тошканд — Душанберо, ки мебоист фардо, 4 апрел анҷом шавад, лағв кардааст.

Хабаргузории РИА Новости аз қавли намояндаи ин ширкат хабар дод, ки ин парвоз ба далели "камбуди мусофир" лағв шудааст.

Ҳавопаймои Боинг 737 ширкати Сомон Эйр, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Русия дубора парвозҳои "Сомон Эйр"-ро маҳдуд кард

"Парвозе, ки қарор буд 4 апрел анҷом шавад, ба далели камбуди мусофир лағв шуд", — гуфт намояндаи ширкати "Ӯзбекистон ҳаво йӯлларӣ".

Ёдоварӣ мешавад, ки ин ширкат дар поёни моҳи феврал эълон карда буд, ки аз 4 апрел парвозҳои паёпай миёни Тошканду Душанберо оғоз мекунад ва ҳафтае ду парвоз хоҳад дошт.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала