Ҳамкориҳои амниятии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шонгҳой баррасӣ мешаванд

Дувоздаҳумин дидори солонаи дабирони шуроҳои амнияти кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шонгҳой фардо дар Остона оғоз ба кор мекунад

ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Бино ба иттилоъи дафтари матбуъотии Шурои амнияти Русия, дар ин дидори дурӯза масоъили ҳамкории кишварҳои узви созмон дар мубориза бо таҳдидҳо ба амнияти минтақаӣ ва байнулмилалӣ, аз ҷумла теруризм ва қочоқи маводи мухаддир баррасӣ хоҳанд шуд.

Дабири Шурои амнияти Русия Николай Патрушев дар ин дидор ширкат хоҳад кард ва бо бархе аз ҳамтоёнаш мулоқотҳои дуҷониба баргузор хоҳад кард.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала