Ҳашт ҷангҷӯи тоҷикистонӣ дар Афғонистон кушта шудаанд

© AFP 2021 / Aref KarimiЯке аз минсозони Толибон. Акс аз бойгонӣ
Яке аз минсозони Толибон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Нерӯҳои амниятии Афғонистон аз нобуд кардани 11 ҷангҷӯи толибонӣ, аз он ҷумла 8 шаҳрванди Тоҷикистон, дар шимолу шарқи ин кишвар гузориш додаанд

ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Мақомҳои амниятии Афғонистон эълом кардаанд ки дар як шабехуни ҳавоӣ бо паҳпод ё ҳавопаймои бесарнишин бар ҷангҷӯёни "Толибон" дар вилояти Кундуз, 11 тан аз онҳоро нобуд кардаанд

Бино ба гузориши Шеразиз Комавол, фармондеҳи умумии пулис дар минтақаи шимолу шарқи Афғонистон, ин ҳамла дар ноҳияи Дашти Арчӣ сурат гирифта, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст. Дар паи ин шабехун, ки шаби 8 ба 9 апрел дар деҳаи Муллоқулӣ зада шуда, волии толибонии ноҳияи Дашти Арчӣ Асадуллоҳ Мазлумёр, яке аз фармондеҳони муҳими "Толибон" Абдулҳаннон ва 9 ҷангҷӯи дигар кушта шуданд. Дар миёни онҳо 8 шаҳрванди Тоҷикистон низ ҳастанд, ки нерӯҳои Толибонро минсозӣ ёд медодаанд.

Фармондеҳ Комавол ҳамчунин аз эҳтимоли кушта шудани Шоҳвалӣ ном яке дигар аз фармондеҳони "Толибон" дар ноҳияи Хонобод низ хабар дод. Ӯ гуфт, гузоришҳои аввалия нишон медиҳанд, ки шумори ҷангҷӯёни кушташудаи "Толибон" бояд бештар аз 11 тан бошад. 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала