Мудири кулли нерӯгоҳи Сангтӯда – 1 тағйир кард

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Александр Шевнин ба симати мудирияти кулли нерӯгоҳи барқобии "Сангтӯда-1" мансуб шуд

ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Мудири кулли нерӯгоҳи барқобии "Сангтӯда — 1" — бузургтарин ширкати муштараки Русия ва Тоҷикистон — тағйир кард.

Ба гузориши равобити умумии ширкати саҳомии "НБО Сангтӯда 1", Александр Шевнин дар ин мақом ҷойгузини Павел Лавров шуд.

Александр Шевнин аз августи 2005 дар ин ширкат кор мекунад ва дар силсиламаротиби ин ширкат аз коршиносии аршад то мудирият кулл пеш рафтааст.

НБО Сангтӯда-1 бузургтарин тарҳи сармоягузории Русия дар Тоҷикистон аст.  Ин ширкат соли 2005 барои сохту соз ва мудирияти неругоҳи барқобӣ дар рӯди Вахш бунёд шуда буд.

Русия дар сохту сози нерӯгоҳи "Сантӯда-1" 16 милёрд рубл сармоягузорӣ карда ва 75 дарсад аз саҳоми онро дар ихтиёр дорад.

Зарфияти тавлидии ин НБО 670 МВт нерӯи барқ аст. Нахустин дастгоҳи он соли 2008 ба кор андохта шуд. Ин нерӯгоҳ 12 дарсад аз нерӯи барқи Тоҷикистонро тавлид мекунад. Ин нерӯгоҳ дар 31 июли 2009 пурра ба кор дароварда шуд.

Лентаи хабарҳо
0