Сафорати Тоҷикистон: Содиқ Ортиқов - муттаҳам ба бумбгузорӣ дар метрои Петербург - шаҳрванди ҶТ аст

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузаштан ба хазинаи аксОртиқ Содиқов- яке аз гумонбарони таркиш дар метрои Петербург
Ортиқ Содиқов- яке аз гумонбарони таркиш дар метрои Петербург - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Сафорати Тоҷикистон дар Русия расман шаҳрванди Тоҷикистон будани якае аз муттаҳамон ба бумбгузорӣ дар метрои Петербургро таъйид кард
ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Содиқ Ортиқов, ки ба иттиҳоми даст доштан дар инфиҷори метро дар Петербург боздошт шуда, шаҳрванди Тоҷикистон аст,

гуфт сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Русия Сарвар Бахтӣ.

Чуноне ки пештар Кумитаи бозҷӯии Русия хабар дода буд, нерӯҳои амниятии кишвар пас аз таркиш дар метрои Петербург ба иттиҳоми даст доштан дар ин қазия 8 касро, аз он шумор 6 касро дар Санкт-Петебург ва 2 касро дар Маскав, боздошт карданд.

"Боздоштшуда Содик Ортиқови 39-сола воқеъан шаҳрванди Тоҷикистон аст.  Даст доштан ва ё надоштани ӯ дар ин қазияро бозҷӯён мушаххас мекунад.  Мо ҳоло дар бораи гунаҳкор будан ё набудани вай чизе гуфта наметавонем", — гуфт Сарвар Бахтӣ.

Ба гуфтаи вай, Ортиқов дар шарҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон ба воя расидааст. Вай 15 соли ахир дар Русия зиндагӣ мекард ва то рӯзи боздошт дар яке аз рестуронҳои Маскав сарошпаз буд.

Лентаи хабарҳо
0