Раисҷумҳури Тоҷикистон устуворномаи сафирони панҷ кишварро дарёфт кард

© Flickr \ Хадамоти матбуотии Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони панҷ кишвар устуворнома дарёфт кард
Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони панҷ кишвар устуворнома дарёфт кард - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар Қасри миллат устуворномаи сафирони нави панҷ кишварро дарёфт кард

ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии раёсати ҷумҳурӣ, Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Гул Залмай Юнусӣ, Давлати Кувайт Нассар Абдулраҳмон Алмутаирӣ, Ҷумҳурии Демократии Сосиалистии Шри-Ланка Локу Кетагодаге Ҷаянатҳ Чандрасири Перера, Ҷумҳурии Малӣ Тиефинг Конате ва Ҷумҳурии Соҳили Оҷ (Кот-д'Ивуар) Бернар Тано-Бучуе устуворнома дарёфт кард.

Сафирони тозатаъйин ҳамроҳ бо устуворнома паёму дуруди раҳбарони кишварҳои худро низ ба кишвардори Тоҷикистон расонданд. Дар посух Эмомалӣ Раҳмон оғози фаъолияти диплумотӣ дар Тоҷикистонро ба онҳо табрик гуфт.

Вай бо таъкид бар ин, ки меҳвари сиёсати хориҷии давлати Тоҷикистонро усули «дарҳои кушода» ташкил медиҳад гуфт:

"Мо дар чорчӯби ин усул ва бо риояи ҳусни тафоҳум, эҳтироми ҳамдигар ва баробарӣ ба хотири пешбурди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судманд бо ҳамаи кишварҳои дӯсту хайрхоҳ пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешем".

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бар рушди муносиботу равобити гуногунҷанба миёни кишварҳои ҳамсӯ таъкид кард ва умедвор шуд, ки сафирони нави ин кишварҳо бо фаъолияти пурмасъули дипломатӣ дар расидан ба ин ҳадаф мусоидат хоҳанд кард.

Лентаи хабарҳо
0