Мудири ФСБ: Ҳастаи аслии гурӯҳҳои теруристиро муҳоҷирон ташкил медиҳанд

© Sputnik / Михаил Климентьев / Гузаштан ба хазинаи аксМудири Созмони федеролии амнияти Русия Александр Бортников. Акс аз бойгонӣ
Мудири Созмони федеролии амнияти Русия Александр Бортников. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ҳастаи аслии гурӯҳҳои теруристиеро, ки дар сарзамини Русия фаъолият доранд, шаҳрвандони ҷумҳуриҳои узви Иттиҳодияи кишварҳои ҳамсуд ташкил медиҳанд, ки дар миёни муҳоҷирони корӣ вориди қаламрави ин кишвар шудаанд

ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Александр Бортников, мудири Созмони федеролии амнияти Русия (ФСБ), гуфт, иттилоъоте дар даст аст, ки собит мекунанд фармондеҳони созмони теруристии "Давлати исломӣ" (ДОИШ) барои баргузории амалиёти теруристӣ дар Русия барномарезӣ доранд.  

Мудири Созмони амнияти Русия тавзеҳ дод: "Дар паи баррасиву таҳлили иттилоъоти мавҷуд ошкор шуда, ки ҳастаи аслии гурӯҳҳои теруристиеро, ки дар сарзамини Русия фаъолият доранд, шаҳрвандони ҷумҳуриҳои узви Иттиҳодияи кишварҳои ҳамсуд ташкил медиҳанд, ки дар миёни муҳоҷирони корӣ вориди қаламрави кишвар шудаанд".

Вай гуфт: бархе аз ин афрод дар сохторҳои байнулмилалии теруристӣ дар Сурия ва Ироқ омӯзиш дида ва дар ҷангҳо ширкат кардаанд.

Бортников дар ин росто бар ташдиди тадобири амниятӣ дар марзу гузаргоҳҳои марзӣ ва контроли рафту омади мусофирону муҳоҷирон барои ошкоорсозии гумоштаҳои созмонҳои теруристӣ таъкид кард.

"Бояд чораҳое барои афзоиши посухгӯии масъулон ва сохторҳое андешид, ки иҷрои қонунҳои муҳоҷиратиро контрол мекунанд ва неруи муҳоҷиронро ба кор мебаранд. Дар ин кор кумисюнҳои зиддитеруристии маҳаллҳо низ бояд дар канори ниҳодҳои давлатӣ фаъолона ширкат кунанд", — таъкид кард раиси Кумитаи миллии зиддитеруристии Русия.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала