Дума мехоҳад муҳоҷиронро бо ҳазинаи худашон аз Русия ихроҷ кунад

Намояндаи Думаи Русия Владимир Сисоев пешниҳод карда, ки барои муҳоҷирон бояд бима аз ихроҷ ҷорӣ карда шавад

ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Владимир Сисоев тарҳи қонунеро ба маҷлиси қонунгузории Русия пешниҳод карда, ки бар асоси он муҳоҷиронро бояд бо ҳазинаи худашон аз Русия ихроҷ кунанд.

Ин тарҳ дар назар дорад, ки муҳоҷирон ҳангоми вуруд ба Русия бояд худро аз эҳтимоли ихроҷ аз кишвар расман бима кунанд.

Сисоев дар тавзеҳи ин тарҳ гуфт: "Муҳоҷирон бояд муваззаф шаванд, ки кулли ҳазинаи ихроҷашон аз кишварро худашон пардохт кунанд. Бо ин роҳ на танҳо ҳазинаҳои будҷаи федеролӣ барои ихроҷи муҳоҷирон камтар хоҳанд шуд, балки метавон ихроҷи муҳоҷирони қонуншикану тахаллуфкорро низ шитоб дод".

фурӯши симкорт, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
ВАО: муҳоҷирони симкортфурӯшро мехоҳанд аз Русия депорт кунанд

Ба гуфтаи вай, Русия дувумин кишвари муҳоҷирпазир дар ҷаҳон аст ва ҳамакнун 10 милюн муҳоҷир ё 7 дарсад аз кулли аҳолии кишварро дар сарзаминаш ҷой додааст.

Ин тарҳи қонун дар Думаи кишварӣ 14 апрел баррасӣ хоҳад шуд ва агар тасвиб шавад, ҳазинаи бима аз ихроҷро 100 ҳазор рубл муқаррар хоҳад кард.

Бино бар омори ВКД Русия, камубеш 50 дарсад аз муҳоҷирони ихроҷӣ бо ҳазинаи будҷаи кишвар ва 40 — 45 дарсадашон бо ҳазинаи худашон ба зодбумашон ихроҷ мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала