Раисҷумҳури Тоҷикистон бо сарони кишварҳои узви СПАД мулоқот хоҳад кард

Фардо, 14 апрел дар Бишкек нишасти ғайринавбатии сарони кишварҳои узви Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ ва иҷлосияи Шурои олии иқтисодии АвруОсиё баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Иҷлосияи олии Шӯрои иқтисодии Аврупо ва мулоқоти ғайрирасмии сарони кишварҳои аъзои СААД дар қабулгоҳи давлатии ҳукумати Қирғизистон "Ало Арча"  дар наздикии шаҳри Бишкек баргузор мешавад.

Дар ин бора дафтарии матбуоти раисҷумҳури Қирғизистон хабар медиҳад.

"14-уми апрели соли ҷорӣ дар Бишкек иҷлосияи навбатии Шурои олии иқтисодии Урупосиё ва мулоқоти ғайринавбатии сарони кишварҳои узви Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ баргузор мешавад",- хабар медиҳад дафтари матбуъоти раисҷумҳур.

Сарони ҳукуматҳои аъзои ҳамкориҳои Шанхай дар Бишкек - Sputnik Тоҷикистон
Дар Бишкек иҷлосияи сарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои СҲШ оғоз ёфт

Дар рафти мулоқоти ғайринавбатии кишварҳои аъзои СПАД масоили рушди минбаъдаи созмон ва васеътар кардани ҳамкориҳо дар соҳаи амнияти минтақавӣ баррасӣ мешаванд. Дар вохӯрӣ сарони кишварҳои Тоҷикистон, Арманистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Русия иштирок мекунанд.

 Иҷлосияи  Шӯрои олии иқтисодии Аврупо бо роҳбарии раисҷумҳурии Қирғизистон баргузор мешавад. Мавзӯи иҷлосия дар  соли 2017 фароҳам овардани шароит барои рушди соҳибкорӣ дар ҳудудҳои АвруОсиё мебошад, менависад манбаъ.

Дар нишасти сарони кишварҳои ЕврАзЭс президентони Арманистон, Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои иқтисодӣ дар доираи иттиҳод, инчунин масоили ҳамкории байналмилалӣ ва ҳамгироии минбаъда дар фазои АвруОсиё дида мебароянд.

Чуноне ки дафтари матбуот хабар медиҳад, дар кори иҷлосия президенти Молдова низ ширкат хоҳад варзид.

Роҳбарони кишварҳои Иттиҳоди АвруОсиё муроҷиати раисҷумҳури Молдоваро дар бораи ба кишвар додани мақоми назоратчӣ  дида мебароянд.

"Ман пешниҳоди раисҷумҳури Қирғизистон Алмосбеку Отамбоевро дар бораи иштирок дар иҷлосияи панҷ раисҷумҳурони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо бо хушнудӣ қабул кардам",- навиштааст Додон — президенти Молдова дар саҳифаи фейсбукии худ.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала