Сел дар Дарвоз ду қурбонӣ гирифт

Сел дар рустоҳои Даштак ва Камчак харобӣ ва қурбонӣ дар пай дошт

ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Бино ба гузоришҳо аз Дарвоз, имрӯз субҳ дар деҳаи Камчак — яке аз рустоҳои Сағирдашт, сел омада, ки як хонаро вайрон ва модару кӯдакеро қурбон кардааст.

Кумитаи умури изтирории Тоҷикистон ба расонаҳо иттилоъ дода, ки ин сел имрӯз субҳ, соати 10 фурӯ рехта ва як хонаро вайрон кардаву модари 19-сола Мадина Иброҳимзода ва писари дусолааш Давлатҷон Исмоилзодаро бурдааст.

Ҳамчунин дар деҳаи Даштак — яке аз маҳаллаҳои шаҳраки Қалъаи Хумб — маркази ноҳияи Дарвоз низ имрӯз субҳ сел фурӯ рехта ки як бензинфурӯшӣ ва бахше аз боғу полизҳоро хароб кардааст.

1/2
Сел дар Даштак. Дарвоз
2/2
Сел дар Даштак. Дарвоз
1/2
Сел дар Даштак. Дарвоз
2/2
Сел дар Даштак. Дарвоз
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала