Як фармондеҳи калидии Толибон дар шимоли Афғонистон боздошт шуд

© Sputnik / Zafarsha Rouyeeمسوول نظامی طالبان در کندز بازداشت شد
مسوول نظامی طالبان در کندز بازداشت شد - Sputnik Тоҷикистон
Раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон аз боздошти як фармондеҳи калидии гурӯҳи "Толибон" дар шимоли Афғонистон хабар медиҳад, ки мехоста ба созмони теруристии "Давлати исломӣ" (ДОИШ) дипайвандад

ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Ба гузориши дафтари расонаии Раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон, як саркардаи гурӯҳи "Толибон", ки бар 80 ҷангҷӯ фармондеҳӣ дошта, дар вилояти Ҷузҷон боздошт шудааст.

Ин фармондеҳи "Толибон"-ро, ки Ахтар Муҳаммад Билол ном дорад ва дар чандин ҳамла бар корвонҳои кишварӣ ва лашкарӣ, одамрубоӣ ва мингузорӣ дар канори роҳ даст дошта, нерӯҳои амниятии вилояти Ҷузҷон боздошт кардаанд. Ӯ дар бозҷӯӣ эътироф карда ки ахиран қасд дошта ба дастури раҳбарони "Толибон" бо мулло Ҳикматуллоҳ — яке аз фармондеҳони ДОИШ дар он вилоят бипайвандад.

Амнияти миллӣ мегӯяд, гурӯҳи ҳаросафкани "Толибон" бо истифода аз токтикҳои нав қасд дорад то бо пайвастан ба ДОИШ, чеҳра бадал карда ва фаъолиятҳои теруристияшро зери парчами ДОИШ анҷом диҳад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала