Созмони ҳавонавардии Тоҷикистон музокирот бо Русияро ба таъвиқ андохт

Қарор шуда, ки музокироти ниҳодҳои ҳавонавардии Тоҷикистон ва Русия 22 апрел аз сар гирифта шаванд

ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Ниҳоди ҳавонавардии Тоҷикистон музокирот бо Вазорати таробарии Русия дар мавзуъи мусофирбарии ҳавоиро барои 10 рӯз боз истонид.

Валерий Окулов, муъовини вазири таробарии Русия имрӯз ба хабарнигори РИА Новости гуфт:

"Феълан аз музокирот боз истодаем… Он чи ба ман гуфтанд ин аст, ки онҳо 10 рӯз вақт хостаанд".

Қарор шуда, ки музокироти ниҳодҳои ҳавонавардии Тоҷикистон ва Русия 22 апрел аз сар гирифта шаванд.

Ёдоварӣ мекунем, ки ҳайъатҳои вазоратхонаҳои таробарии Тоҷикистон ва Русия 7 — 13 апрел дар Маскав музокирот доштанд, вале натиҷае ба даст наоварданд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала