Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии амният аз Русия пеш гузашт

© SputnikДушанбе, акс аз бойгонӣ
Душанбе, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ин радабандӣ 136 кишварро дар бар мегирад ва амнтарин кишвар дар ҷаҳон боз ҳам Финланд дониста шудааст

ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Коршиносони Сиголишгоҳи ҷаҳонии иқтисод радабандии амнтарин кишварҳои ҷаҳонро нашр кардаанд, ки Тоҷикистон дар он 49-умин радаро гирифтааст.

Дар омодасозии ин радабандӣ авомиле чун ҷурму базаҳкорӣ, таҳдидҳои теруристӣ ва муноқишаҳои мусаллаҳона дар кишвар ба назар гирифта мешаванд.

Президент России Владимир Путин и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Путин: Тоҷикистон-кишвари калидӣ барои таъмини амният дар ОМ аст

Ин радабандӣ 136 кишварро дар бар мегирад ва амнтарин кишвар дар ҷаҳон боз ҳам Финланд дониста шудааст.

Коршиносон Амороти муттаҳидаи Арабиро дувум ва Исландро севумин кишвари амн дар ҷаҳон донистаанд.

Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин радабандӣ Қазоқистон дар 58-умин рада ва Қирғизистон дар 98-умин рада ҷой гирифтаанд.

Русия дар ин радабандӣ 109-умин мақомро дорад.

Ноамнтарин кишварҳо дар ҷаҳон Колумбия — 136-умин рада, Яман — 135-умин рада ва Салвадор — 134-умин рада — шинохта шудаанд.

Сиголишгоҳи ҷаҳонии иқтисод яке аз созмонҳои бузурги иқтисодии Суис аст. Аз маъруфтарин барномаҳои ин ниҳод яке баргузории дидорҳои ҳарсолаи номдороне чун кишвардорон, сиёсатмадорон, сармоядорон, расонанигорону андешаварзони ҷаҳон дар шаҳри Давос аст.

Ин созмон дар пажӯҳиши авомили рақобатпазирии иқтисодҳои миллӣ пештоз аст ва дар ин мавзуъ "Радабандии рақопатпазирии иқтисодҳо"-ро мунташир мекунад, ки бисёр маъруф ва таъсиргузор аст.

Лентаи хабарҳо
0