Шаҳрдории Душанбе беҳтарин кормандони милисаро шиносоӣ кард

© Фото : Аз дафтари матбуоти ВКД ҶТИфтитоҳи бинои милитсия дар Истаравшан. Акс аз бойгонӣ
Ифтитоҳи бинои милитсия дар Истаравшан. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Озмуни "Беҳтарин нозири минтақаии сол" дар Душанбе натиҷагирӣ шуд

ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Шаҳрдории Душанбе аз озмуни "Беҳтарин нозири минтақаии сол" натиҷагирӣ кард.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии шаҳрдории Душанбе, дар ин озмун беҳтарин корманди милиса Муҳаммадӣ  Неъматов — нозири калон аз минтақаи Шоҳмансур дониста шудааст.

Ҷоизаи дувумро Фарҳод Эшмаҳмедов — нозири минтақаӣ аз ноҳияи Сино ва ҷоизаи севумро Муқимҷон Юсупов — нозири минтақаӣ аз ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба даст овардаанд.

Бар асоси қароре, ки шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ имзо кардааст, Муҳаммадӣ Неъматов 15 ҳазор сомонӣ, Фарҳод Эшмаҳмедов 12 ҳазор сомонӣ ва Мукимҷон Юсупов 10 ҳазор сомонӣ ҷоиза дарёфт кардаанд.

Маросими эътои гувоҳинома ва ҷоизаҳо дар ҳамзамон бо "Рӯзи пойтахт" баргузор хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала