Тоҷикистон мехоҳад мақоми кишвари нозир дар Иттиҳодияи иқтисодии Авросиёро ба даст орад

© Sputnik / Александр КондратюкКишварҳои аъзои иттиҳоди АвруОсиё, акс аз бойгонӣ
Кишварҳои аъзои иттиҳоди АвруОсиё, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Гуфтушунидҳо дар бораи дарёфти мақоми кишвари нозир дар сафари раисҷумҳури Русия ба Тоҷикистон баррасӣ шуда буд.

ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Муовини аввали нахуствазири Русия Игор Шувалов ба РИА Новости хабар дод, ки Тоҷикистон мехоҳад мақоми нозири Иттиҳоди АвруОсиёро ба даст орад.

Худи ҳамин рӯз сарони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авросиё қарор қабул карда буданд, ки ба ҷумҳурии Молдова мақоми нозири Иттиҳод дода шавад.

"Якум ин, ки ба даст овардани мақоми нозир маънои аъзогиро надорад. Аммо гирифтани мақоми нозир ба кишвар имконият медиҳад, ки ба аъзогӣ ба ЕврАзЭС наздиктар шавад. Баъзе кишварҳо бо гиритфани ин мақом баъзан онро тағйир намедиҳанд, баръакс баъзан аз он даст мекашанд",- мегӯяд Игор Шувалов.

Ин ҷо ягон мушкилӣ нест. Илова бар ин, ман метавонам ба шумо хабар диҳам, ки гуфтушунидҳо дар бораи гирифтани мақоми нозирӣ вақти сафари президенти Русия ба Тоҷикистон баррасӣ шуда буд. Ва кишвардори Тоҷикистон гуфта буд, ки ҳукумати кишвар бо диққат рушди Иттиҳои АвруОсиёро омӯхта истодааст, гуфт Шувалов.

Ба гуфтаи Шувалов, ҳар кишваре, ки мақоми нозириро ба даст меоварад, метавонад пурра ба маълумоти рушди Иттиҳод дастрасӣ пайдо кунад.  Ҳамин тавр, кишвар худ қарор қабул мекунад, ки дар мақоми нозирӣ монад ва ё ба Иттиҳоди АвруОсиё шомил шавад.

Лентаи хабарҳо
0