“Ишқи парӣ” дар Хуҷанд ҳаводорони театрро ҷамъ овард

© SputnikТандиси Камол дар Боғи Хуҷанд
Тандиси Камол дар Боғи Хуҷанд - Sputnik Тоҷикистон
14 апрели соли 2017 дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ нахустнамоиши «Ишқи парӣ» баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. "Ишқи парӣ" ба қалами нависанда ва драматург Тоҳири Маҳмадризо тааллуқ дошта, он дар таҳияи сеюм аз ҷониби коргардони шинохта Умар Алиев рӯи саҳна оварда шуд. Намоиш аз ишқи поки инсонӣ ва вафо кардан ба ваъда нақл мекунад.
Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, ин намоишномаро нахустин бор соли 2008 дар Театри давлатии драмаи русии ба номи Владимир Маяковский Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Баҳодур Миралибеков ба саҳна гузошта буд.

Соли 2012 дар Театри мусиқӣ-драмавии ба номи Меҳрубон Назаров дар шаҳри Хоруғ дар таҳияи коргардон Умед Хисравов манзури ҳаводорони театр гардид.

Намоиши "Ишқи парӣ" дар чандин озмуну ҷашнвораҳои байналмилалӣ дар Украина, Белорус, Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Россия ширкат варзида, соҳиби тӯҳфа ва дипломҳои гуногун гардидааст. Инчунин соли 2011 дар Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ "Парасту-2011" ҷои аввалро соҳиб шуда буд.

Ҳикояи "Ишқи парӣ" соли 1994 бори нахуст дар рӯзномаи "Нидои ранҷбар" нашр гашта буд. Соли 2006 бо дархости коргардон Баҳодур Миралибеков ба шакли пйеса таълиф гардидааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала