Имрӯз дар Душанбе "Рӯзи пойтахт" таҷлил мешавад

© SputnikНаврӯз дар Душанбе
Наврӯз дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Чорабиниҳои идонаи фарҳангӣ соати 9:00 дар боғҳои фарҳангиву фароғатии «Дӯстии халқҳо» «Кӯли ҷавонон» ва майдони «800-солагии Москва» оғоз мешаванд
ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Имрӯз дар  шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории як қатор чорабиниҳои идона дар назар аст, хабар медиҳад вазорати фарҳанги Тоҷикистон.

Тибқи иттилои манбаъ, чорабиниҳои идонаи фарҳангӣ соати 9:00 дар боғҳои фарҳангиву фароғатии «Дӯстии халқҳо» «Кӯли ҷавонон» ва майдони «800-солагии Москва» оғоз мешаванд.

Соати 16:00 дар Амфитеатри шаҳри Душанбе чорабинии ботантанаи фарҳангӣ-фароғатӣ таҳти унвони «Душанбе-пешоҳанги ташаббусҳои созанда ва рамзи иттиҳоди миллати тоҷик» пешкаши сокинон ва меҳмонони пойтахт мегардад.

Лентаи хабарҳо
0