Толибон як пойгоҳи артиши Афғонистонро дар Балх торумор кард

© РИА Новости . Andrei Greshnov Более 30 талибов уничтожено в афганской провинции Гельменд
Более 30 талибов уничтожено в афганской провинции Гельменд - Sputnik Тоҷикистон
Волии Балх Атомуҳаммад Нур аз афзоиши ноамнӣ дар шимоли Афғонистон нигаронӣ карда ва гуфта, ки нерӯҳои амниятӣ бояд ҳаросафканонро дар ҳар минтақае нобуд кунанд

ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Ҷангҷӯёни созмони ҳаросафкани "Толибон" дар як ҳамла ба пойгоҳи Артиши Афғонистон дар вилояти Балх камубеш 140 сарбозро куштаанд.

Ба гузориши Sputnik Dari ба нақл аз расонаҳои афғонистонӣ, Вазорати дифоъи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон эълом карда, ки ҷангҷӯёни "Толибон" пӯшоки Артиши ҶИЭ ба тан карда ва ношинохта вориди пойгоҳи низомӣ шудаанд.

"Дар ҳангоми ҳамла ба пойгоҳи "Шоҳин" бештари сарбозон дар намоз буданд. Беш аз сад сарбоз дар ин ҳамла кушта ва бисёре ҳам захмӣ шудаанд", — гуфта шуда дар иттилоъияи ин ниҳод.

Расонаҳо теъдоди кушташудаҳоро беш аз 130 кас гузориш медиҳанд. Чунончи, шабакаи телевизюнии "Тулуъ" аз 135 куштаву 60 захмӣ мегӯяд, вале хабаргузории "Рейтер" теъдодашонро 140 кас гуфтааст.

Хабаргузории "Фронс Пресс" хабар дода, ки дар ин ҳамла 150 сарбоз куштаву даҳҳо кас захмӣ шудаанд. Намояндаи Фармондеҳии марказии Амрико Ҷон Томас аз 50 кушта дар ҳамла ба пойгоҳе дар Мазори Шариф хабар додааст.

Ин ҳамла дар ҳоле сурат гирифта, ки ду рӯз пеш Тоҷмуҳаммад Ҷоҳид, вазири умури дохилаи Афғонистон, дар сафараш ба вилояти Балх аз ин пойгоҳ боздид карда буд.

Волии Балх Атомуҳаммад Нур аз афзоиши ноамнӣ дар шимоли Афғонистон нигаронӣ карда ва гуфта, ки нерӯҳои амниятӣ бояд ҳаросафканонро дар ҳар минтақае нобуд кунанд.   

Ҳамчунин гузориш дода шуда, ки нахуствазири Олмон Ангела Меркел кушта шудани сарбозонро ба раисҷумҳур Ашраф Ғанӣ таслият гуфтааст.

"Хабари ҳамлаи тарсуёнаи Толибон ба пойгоҳи низомии Нерӯҳои мусаллаҳ дар шимоли Афғонистон моро сахт нигарон кард. Бо хонаводаҳои куштаву захмишудагон ҳамдардӣ мекунем. Дар ин рӯзҳои сахт Олмон аз кишвару шаҳрвандони шумо пуштибонӣ мекунад, ки бо теруризм пайкор доранд ва хостори ояндаи орому демукротик барои Афғонистон ҳастанд", — гуфта шуда дар паёми таслияти Меркел ба Ғанӣ.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала