Роҳи Хоруғ - Ишкошим бо ёрии соҳибкорони маҳаллӣ кушода шуд

Субҳи имрӯз, 23 апрел роҳи Хоруғ - Ишкошим аз сангрезиш поксозӣ ва кушода шуд

ДУШАНБЕ, 23 апр- Sputnik. Бино ба гузориши сухангӯи устондории ВМКБ Нилуфар Асламшоева, роҳи Хоруғ — Ишкошим имрӯз аз сангрезиш поксозӣ ва барои рафту омади мусофирон боз шуд.

"Сарфи назар аз бориши пай дар пай ва хатари рехтани санг, кӯҳпораи азиме, ки ҳаҷми он 6,5 ҳазор метри мукаъабро ташкил медод, дар замоне нисбатан кӯтоҳ аз роҳи таркондан ва рӯфтан бо тракторҳои сангин поксозӣ карда шуд".

© Фото : Гурӯҳи фейсбукии Pamir NewsСангрезиш дар Пишпарин. 16-17.04.2017
Сангрезиш дар Пишпарин. 16-17.04.2017 - Sputnik Тоҷикистон
Сангрезиш дар Пишпарин. 16-17.04.2017

Вай афзуд, ки дар баробари кормандони сохторҳои масъул, соҳибкорони маҳаллӣ низ дар поксозии кӯҳпора ва барқарор кардани ҳаракати нақлиёт аз ин мавзеъ саҳмашонро гузоштаанд. Аз ҷумла, соҳибкор аз шаҳри Хоруғ, Мамадбек Мамадбеков техникаи роҳсозии худро барои кушодани роҳ овард, ки кори роҳкушоёнро бисёр осон кард.

Фаромадани тарма дар ВМКБ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ҳушдори КҲФ аз резиши тарма ва кӯҳпораҳо

Пештар хабар дода шуд, ки сангрезиш дар дараи Пишпарин дар ноҳияи Шуғнон, ки 16 — 17 апрел рӯй дода буд, рафту омад дар роҳи Хоруғ — Ишкошимро баста аст. Хушбахтона, ин офати табиъӣ талафоти ҷонӣ дар пай надошт.

Дар ин росто Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон бо такя бар додаҳои Созмони ҳавошиносии кишвар аз шаҳвардон хостааст, 22 — 23 апрел аз сафар ба Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон худдорӣ намоянд, зеро дар ин рӯзҳо бориши борон ва эҳтимоли резиши барфу сангу кӯҳпораҳо бисёр боло аст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала