Варзишгари тоҷик аз Ҷоми Африқо медали тилло овард

© Фото : Саҳифаи фейсбукии Эргаш МаҳмадбековСомон МСМаҳмадбеков дар Ҷоми Африқо ғолиб омад
Сомон МСМаҳмадбеков дар Ҷоми Африқо ғолиб омад - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сомон Маҳмадбеков- варзишгари тоҷики муқими Русия дар Ҷоми Африқо Тоҷикистонро муаррифӣ карда, медали тилло ба даст овард

ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik,Фарида Бобоҷонова.Чуноне ки президенти Федератсияи Дзюдо ва Самбои шаҳри Иркутск Эргаш Маҳмадбеков ба Sputnik Тоҷиткистон хабар дод,  Сомон дастпарвари мактаби дзюдо дар шаҳри Иркутск буда, дар мусобиқа Тоҷикистонро намояндагӣ кардааст.

Сомон Маҳмадбеков дар сабқат ҳарифонашро аз  Алҷазоир, Белорус ва Тунис  дар вазни 66 килограм мағлуб намуд.

Ба гуфтаи Эргаш Маҳмадбеков, Сомон аввалин варзишгари тоҷик аст, ки  дар Ҷоми Африқо ғолибияти кулро ба даст овардааст.

Варзишгари ҷавон  сараввал дар сабқати ҷудо дар шаҳри Санкт-Петербург иштирок намуда, сипас ба Ҷоми Африқо роҳ ёфтааст.

Илова бар ин, Сомон дар Тунис дар натиҷаи мусобиқа 100 хол ба даст оварда,  ҳамин тавр аввалин варзишгари ҷавоне гаштааст, ки дар ин ҷом парчами Тоҷикистонро боло бардошта бошад.

Эргаш Маҳмадбеков дар маросими ҷоизагирии  Миллион на добрые дела дар шаҳри Иркутск - Sputnik Тоҷикистон
Эргаш Маҳмадбеков: шаҳри Иркутскро маркази дзюдо гардонидем

"Бародарон Неъматовҳо низ дар Ҷоми Африқо ба мусобиқа баромада буданд, вале мағлуб гаштанд",- гуфт Эргаш Маҳмадбеков.

Сомон Маҳмадбеков- варзишгари тоҷики муқими Русия дар Иркутск таваллуд шуда ба вая расидааст. Вай бародарзодаи варзишгари маъруфи тоҷик Эргаш Маҳмадбеков буда, қаҳрамони дзюдо дар байни юниорҳо ва наврасон дар Сибир аст.

Ба гуфтаи устодаш, Сомон пештар дар яке аз мусобиқаҳо захм бардошта буд, аммо тавонист, ки барқарор шавад ва варзишро давом диҳад.

 Ҳоло варзишгар ба Ҷоми Аврупо омодагӣ мебинад, ки 15-20 май дар Испания баргузор мешавад. Сомон дар ин сабқат ҳам Тоҷикистонро муаррифӣ мекунад.

Сомон Маҳмадбеков таҳти  назорати Эргаш Маҳмадбеков ва Фотеҳ Маҳмадбеков- устоди варзиши Русия машқ мекунад.

Лентаи хабарҳо
0