Эмомалӣ Раҳмон ба раисҷумҳури Украина барқияи табрикотӣ ирсол кард

© Фото : Официальная страница пресс-службы президента РТЭмомалӣ Раҳмон, акс аз бойгонӣ
Эмомалӣ Раҳмон, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Имрӯз кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба раисҷумҳури Украина Пётр Порошенко барқияи табрикотӣ ирсол кард

ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik.Чуноне ки дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар медиҳад, имрӯз кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 25-умин солгарди барпо намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон Украина  Пётр Парашенкоро муборакбод намуд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар барқияи табрикотӣ қайд намуд, ки тайи 25 сол ин ду кишвар муносибатҳои мутақобилан судмандро густариш доданд.

Инчунин, Эмомалӣ Раҳмон дар мактуби худ изҳори умедворӣ намуд, ки минбаъд низ ин ду кишвар ба хотири таъмини некуаҳволии мардум муносибатаҳоро густариш хоҳанд дод.

Дар охир Эмомалӣ Раҳмон ба Пётр Парашенко ва мардуми Украина комёбиҳо ва сулҳу суботро таманно кард.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала