Ҷоизаи “Парасту- 2017” насиби Театри ҷавонон гардид

Ҷашнвораи театрии "Парасту-2017" ба поён расид. Ҷоизаи бузурги ин озмунро Театри Маҳмудҷон Воҳидов ба даст овард

ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ "Парасту-2017" ҷамъбаст шуд. Дар озмун шоҳҷоизаро Театри ҷавонон, ҷойи дуввумро Театри Маяковский ва мақоми саввумро Театри Камоли Хуҷандӣ ба даст оварданд

Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги ҶТ, ба наздикӣ дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷамъбасти Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ "Парасту-2017" баргузор гардид. 

Тибқи иттилои манбаъ, дар рафти маросими ҷамъбаст маълум гардид, ки шоҳҷоизаи "Парасту-2017" ба Театри давлатии ҷавонони Маҳмудҷон Воҳидов сазовор дониста шудааст.

Театри Хоруғ барандаи шоҳҷоизаи Парасту-2015 шуд - Sputnik Тоҷикистон
Шоҳҷоизаи "Парасту-2015" -ро театри Хоруғ соҳиб шуд

Театри ҷавононро дар ин ҷашнвора намоиши "Дирафши ковиёнӣ" аз рӯи "Шоҳнома"-и Абулқосим Фирдавсӣ намояндагӣ кардааст. Коргардони намоиш Нозим Мелников.

Ҷои аввал насиби Театри давлатии академии драмавии  Абулқосим Лоҳутӣ, ҷои дуввум ба намоиши «Хонума»-и Театри давлатии драмавии русии  Маяковский насиб гардид.

Мақоми саввумро дар ин ҷашнвора Театри мусиқӣ мазҳакавии Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷандӣ ба даст овард.

 Аҳли ҳунари театри мазкур бо намоиши «Қалби зан»-и  Хушвахтов дар таҳияи Бобоҷонов тавонистанд, ки ҷои севвумро сазовор шаванд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала