Бурди сарбози рус дар Тоҷикистон: смартфон аз Tcell

© Фото : Аз равобити умуи ширкати TcellИван Баранов ғолиби аксияи "Смартфони ҳаррӯза"
Иван Баранов ғолиби аксияи Смартфони ҳаррӯза - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Иван Баранов - сарбози рус, ки се сол боз дар Тоҷикистон хидмати низомӣ мекунад, дирӯз соҳиби смартфони нав аз ширкати Tcell гардид

ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умуми ширкати Tcell, Иван Баранов дар барномаи "Смартфони ҳаррӯза", ки аз 27 март баргузор мешавад, баранда шуда ва смартфони нави Huawei Y3 II дарёфт кард.

Манбаъ меафзояд, ки Иван се сол боз дар Тоҷикистон хидмат низомӣ мекунад ва мегӯяд, ки ин сарзамин ба ӯ бисёр писанд аст. Бештар аз ҳама аз обу ҳавои кишвар ва бархӯрди меҳрубононаи мардум хушаш омадааст.

Иван гуфтааст, чунин иттифоқи хуш танҳо дар Тоҷикистон метавонад рух диҳад.

Даромадгоҳи марказии қароргоҳи Tcell дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Telia Company саҳмияҳои худро дар Tcell-и Тоҷикистон мефурӯшад

Барномаи "Смартфони ҳаррӯза" дар Tcell 50 рӯз идома меёбад.

Барои ширкат дар ин барнома кофист, ки дар ҳисоби телефонатон 5 сомонӣ ё бештар аз он пул ворез кунед. Ширкат барои ҳар 5 сомонӣ ба муштарӣ дар паёмаке рамзи инфиродӣ мефиристад. Натиҷагирӣ аз бахтозмоӣ ва дарёфти ҳадяҳо дар дафтари аслии ширкат — Tcell Plaza дар Душанбе баргузор мешавад.

Ширкат ҳамарӯза ба муштариёнаш 5 смартфони Huawei Y3 II тақдим мекунад. Дар қисмати ниҳоии ин барнома панҷ телевизори TV LED LG SMART ба бозӣ гузошта мешавад.

Ин барнома 27 март оғоз гардида ва то 15 май идома хоҳад дошт.

Лентаи хабарҳо
0