Боздошти 12 ҷангҷӯй аз Осиёи Марказӣ: дар Калининград

Дар Калининград 12 тан ҷангҷӯй боздошт гардида, роҳбари гурӯҳи ҷиноятпеша дар пайгарди мақомоти Русия қарор дорад

ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Намояндагони ФСБ-и Русия мегӯянд, ки ҳамаи боздоштшудагон зодагони кишварҳои Осиёи Марказӣ буда, ба гурӯҳи ҷиноятпешаи "Ҷамоати муҷоҳидони ислом" дохил мешаванд.

Айни ҳол мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия дар пайи дастгир кардани роҳбари ин гурӯҳ аст.

Аброр Азимов дар Суди ноҳияи Басман - Sputnik Тоҷикистон
Азимов эътироф кард, ки инфиҷор дар метрои Петербургро омодасозӣ кардааст

Онҳо аллакай шахсияти ӯро маълум кардаанд. Гуфта мешавад, ки ӯ дар рӯйхати пайгарди Узбакистон қарор дошта ва дар содир намудани ҷинояти хислати теруристидошта айбдор мешавад.

Қарор аст, ки ҳамаи боздоштшудагон аз қаламрави Русия пеш карда шуда ба дасти кормандони ҳифзи ҳуқуқи кишварҳояшон супоридашаванд.

Пас аз инфиҷор дар метрои Петербург мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия дар пайи ковтукови ҷинояткорон дар аксар ҳол шахсони ба ин қазия даст надоштаро низ боздошт карданд.

Дар ин росто Барзу Абдураззоқов коргардони номдори тоҷик дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон дар бораи боздошту пурсуҷӯ шуданаш дар фурудгоҳи шаҳри Маскав гуфт, кормандони гумруки Русия ҳангоми боздошт, ҳеч далеле, ҳатто узви Иттиҳодияи театрҳои русӣ буданашро ба назар нагирифтанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала