Шоҳдухт Заҳро Оқохонро аз Душанбе коргузорони AKDN гусел карданд

© Фото : Аз равобити умуми Шабакаи тавсеъаи Оқохон дар ТоҷикикстонГусели шоҳдухт Заҳро Оқохон аз фурудгоҳи Душанбе
Гусели шоҳдухт Заҳро Оқохон аз фурудгоҳи Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Шоҳдухт Заҳро Оқохон, ки бо сафари серӯза дар Тоҷикистон қарор дошт, пас аз мулоқот бо коргузорони Шабакаи тавсеъаи Оқохон (AKDN) дар шаҳри Душанбе ба кишвараш баргашт

ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Боздиди серӯзаи Заҳро Оқохон аз Тоҷикистон имрӯз ба поён расид. Пас аз мулоқот бо коргузорони Шабакаи тавсеъаи Оқохон дар шаҳри Душанбе, шоҳдухт ба кишвараш баргашт.

Дар ин бора сухангӯи Шабакаи тавсеъаи Оқохон дар Тоҷикистон Фирӯза Ғуломасейнова ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.

Мулоқот - Sputnik Тоҷикистон
Мулоқоти раиси ВМКБ бо шоҳдухт Заҳро Оқохон

Пеш аз сафар шоҳдухт бо коргузорони бахшҳои иқтисодӣ, беҳдошту дармон ва омӯзишии Шабакаи тавсеъаи Оқохон дар шаҳри Душанбе мулоқот намуд.

Ҳамчунин шоҳдухт Оқохон Заҳро бо раиси Шурои миллии исмоилиёни Тоҷикистон Шарофат Мамадамбарова дидор ва мулоқот кард.

Манбаъ афзуд, ки шоҳдухт Заҳро Оқохонро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе коргузорони баландпояи Шабакаи тавсеъаи Оқохон, аз ҷумла раиси Шурои миллии исмоилиёни Тоҷикистон Шарофат Мамадамбарова, гусел намуданд.

Шоҳдухт Заҳро Оқохон мудири Бахши рифоҳи иҷтимоъӣ дар Дабирхонаи шоҳзода Карим Оқохон ва ҳамчунин масъули ниҳодҳои тавсеъаи иҷтимоъӣ дар Шабакаи тавсеъаи Оқохон аст ки созмонҳои омӯзишӣ, беҳдошту дармон, барномарезӣ ва сохтусозро дар бар мегирад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала