Русия ва Тоҷикистон масоъили мусофирбарии ҳавоиро ҳаллу фасл карданд

Ниҳодҳои ҳавонавардии кишварии Тоҷикистон ва Русия дар паи музокироту ройзаниҳо масоъили мусофирбарии ҳавоӣ миёни ду кишварро ҳаллу фасл карданд

ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Созмонҳои ҳавонавардии кишварии Русия ва Тоҷикистону ихтилофот бар сари мусофирбарии ҳавоӣ миёни ду кишварро ҳаллу фасл карданд.

Равобити умумии Вазорати таробарии Русия дар иттилоъияе дар ин бора гуфтааст:

"Созмонҳои ҳавонавардии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федеросюни Русия дар паи музокироту ройзаниҳо масоъили мусофирбарии ҳавоӣ миёни ду кишварро ҳаллу фасл карданд ва қарор доданд ҳамкориҳоро судмандро идома бидиҳанд".

Ин давр аз музокирот миёни ҳайъатҳои ҳавонавардии вазоратҳои таробарии Тоҷикистону Русия 10 апрел оғоз ёфта буд, вале пас аз ду рӯз ҳайъати Тоҷикистон даҳ рӯз фурсат хост. Қарор шуд музокирот 22 апрел аз сар гирифта шаванд ва 25 апрел ҳайъати Тоҷикистон боз Маскав омад.

Ёдоварӣ мекунем, ки ҳайъатҳои вазоратхонаҳои таробарии Тоҷикистон ва Русия 7 — 13 апрел дар Маскав музокирот доштанд, вале натиҷае ба даст наоварданд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала