Ҳамовозии Аслишо Акимбеков ба муносибати Рӯзи Пирӯзӣ

Хабаргузории байнулмилалии Sputnik ба муносибати Рӯзи Пирӯзӣ аз 27 апрел то 9 май барномаи #ОднаНаВсех ё Яке барои ҳамаро баргузор мекунад

Тоҷикистонро яке аз аввалинҳо шуда, дар ин барнома ҳунарманди театр ва кино, роҳбари кумитаи фарҳанги созмони иҷтимоъии "Нур" Аслишо Акимбеков ва Наргис Қаҳҳорова намояндагӣ мекунанд.  Дар ин барнома ҳама хоҳишмандон метавонанд ширкат кунанд.

Барои пайвастан ба ин барнома, як мисраъ аз суруди Булат Окуҷава "Мо танҳо як пирӯзӣ ниёз дорем" ба навор гирифта, онро дар сафҳаи расмии Sputnik дар ОК бо ҳештеги #ОднаНаВсех ҷой диҳед.

Ин барномаро ба муносибати Рӯзи Пирӯзӣ хабаргузории байнулмилалии Sputnik ҳамроҳ бо шабакаи телевизюнии  НТВ ва шабакаи иҷтимоии Одноклассники баргузор мекунанд.

Ҳамовозии намояндагони Русия, Белорус, Украина, Тоҷикистон, Узбакистон ва Қазоқистонро дар навор тамошо кунед.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала