Пирӯзии Аминҷон Абдураҳимов дар озмуни эъҷодии Петербург

© Фото : Насим ХужамовАминджон Абдурахимов
Аминджон Абдурахимов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аминҷон Абдураҳимов дар озмуни байнулмилалии "Многогранный Петербург" (Петербурги гуногун) мақоми аввалро ба даст овард

ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Гурӯҳе аз донишҷӯёни фаъоли тоҷик дар озмуни эъҷодии байнулмилалии "Многогранный Петербург" Тоҷикистонро муаррифӣ карданд.

Ҳамвандони "Созмони донишҷӯёни Тоҷикистон" дар ин озмун ба дастовардҳои назаррас ноил шуданд.

Баҳовуддин Неъматов дар бахши навозандагӣ ҳунарнамоӣ карда, Алишер Солиев дар бахши овозхонӣ ширкат варзид. Ҳамчунин Илҳом Давлатов дар бахши суханварӣ ҳунарнамоӣ кард.

Аминҷон Абдураҳимов — донишҷӯи тоҷике, ки дар пойтахти шимолии Русия таҳсил мекунад, дар ин озмун дар бахши хореография ширкат карда, мақоми аввалро аз они хеш кард.

 

 

"Шодам, ки дар ин озмун низ пирӯз шудам! Чунин озмунҳо барои ман як имкони дигар ҷиҳати муаррифии Ватанам дар Русия мебошад. Аз рӯи як рафтори беҷо дар бораи кулли халқ хулосабарорӣ мекунанд ва як нафар метавонад фикрҳои носозгорро дар бораи Ватани худ бо кирдори намунавӣ аз мағзи ҷомеа бишӯяд. Ҳар бор, ки ҷое ҳунарнамоӣ мекунам, кӯшиш дорам, Тоҷикистонро беҳтар муаррифӣ намоям", —гуфт Аминҷон дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

© Фото : Насим ХужамовАминджон Абдурахимов
Аминджон Абдурахимов - Sputnik Тоҷикистон
Аминджон Абдурахимов

Озмуни "Многогранный Петербург"-ро созмони байнулмилалии масоъили муҳоҷирати шаҳри Санкт-Петербург баргузор кардааст. Дар ин озмун, ки 26 апрели соли 2017 ба поён расид, намояндагони Чин, Муғулистон, Туркманистон, Украина, Шри-Ланка, Эстония ва Тоҷикистон ширкат карданд. Яке аз шартҳои аслии озмун иҷрои ҳамаи барномаҳо ба забони русӣ буд.

Ёдовар мешавем, ки ин нахустин пирӯзии Амин нест ва ӯ дар соли 2016 "Донишҷӯи сол" шинохта шуда буд.

Лентаи хабарҳо
0