Нахустин қаҳрамони олимпии Тоҷикистон дар гузашт

Қаҳрамони қоиқронӣ дар Бозиҳои олимпики тобистонии соли 1972 Юрий Лобанов дар Маскав аз ҷаҳон дар гузашт

ДУШАНБЕ, 2 мая — Sputnik. Юрий Лобанов нахустин қаҳрамони олимпӣ аз Тоҷикистон буд. Вай 1 май дар шаҳри Маскав дар 65-солагӣ аз олам чашм пӯшид.

Юрий Лобанов 29 сентябри соли 1952 дар шаҳри Душанбе зода шуда буд. Вай аз кӯдакӣ қоиқрониро варзиш мекард ва аз ҳамвандони ҷамъияти варзишии "Тоҷикистон" буд.

Юрий Лобанов дастпарвари Донишкадаи давлатии тарбияи бадании Тоҷикистон буд.

Дастовардҳо

Юрий Лобанов нахустин варзишкор аз Тоҷикистон аст, ки қаҳрамони олимпӣ шудааст. Вай дар Бозиҳои олимпики тобистонии соли 1972 дар Олмон ҳамроҳ бо Владас Чеснюкас дар мусобиқоти қоиқронии дукаса бо каное дар 1000 метр медоли тилло ба даст оварда буд. Вай аз Бозиҳои олимпики соли 1980 дар Маскав дар ҳамин варзиш ҳамроҳ бо Василий Юрченко медоли биринҷӣ овард.

Юрий Лобанов дар мусобиқоти қоиқронии дукаса бо каноэ 10 бор қаҳрамони ҷаҳон — 1973 (10 000 м), 1974 (500 м, 1 000 м ва 10 000 м), 1975 (500 м ва 10 000 м), 1977 (1 000 м ва 10 000 м), 1979 (1 000 м ва 10 000 м), ду бор — 1971 (500 м) ва 1973 (1 000 м) — барандаи медоли нуқра ва се бор — 1977 (500 м) ва 1978 (1 000 м) — барандаи медоли биринҷӣ шудааст.

Вай дар солҳои 1972 — 1977 борҳо қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ дар мусобиқоти гуногун шуда буд. Давлати Шуравӣ ӯро барои дастовардҳояш дар риштаи варзиш бо "Нишони Ифтихор" ва нишони "Барои густариши варзишу тарбияи баданӣ" қадрдонӣ карда буд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала