Шаҳрванди Тоҷикистон ба иттиҳоми ҳамдастӣ бо ДОИШ 14 сол зиндонӣ шуд

© AFP 2021Маҳкама, акс аз бойгонӣ
Маҳкама, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Аламуродов ба ақидаҳои гурӯҳи теруристии ДОИШ гаравида, камубеш ду моҳ бо нерӯҳои давлатии Сурия ҷангидааст
ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Додгоҳи ноҳиявии Душанбе шаҳрванди Тоҷикистонро, ки муттаҳам ба ҳамдастӣ бо Давлати исломӣ (мамнуъ дар Тоҷикистон)  ва ширкат дар ҷангҳои Сурия шинохта шуд, ба муддати 14 сол равонаи зиндон кард.

Дар ин бора Додситонии кулли Тоҷикистон ба РИА Новости иттилоъ додааст.

"Аламуродов ба созмони теруристии ДОИШ пайваста ва ба ақидаҳои он гаравида, моҳи апрели соли 2016 ба Истамбул меравад ва аз он ҷо ба сафи Давлати исломӣ* мепайвандад. Вай камубеш 2 смоҳ бо нерӯҳои давлатии Сурия дар сафи гурӯҳи террористӣ ҷангидааст ", — гуфта мешавад дар хабари Додситонии кулли Тоҷикистон.

Додгоҳ Аламуродовро муттаҳам ба ҳамдастӣ бо гурӯҳи табаҳкор ва ширкат дар амалиёти ҷангӣ дар кишвари бегона, яъне нақзи моддаи 187 банди 2 ва моддаи 401 Қонуни ҷиноии Тоҷикистон, шинохт ва барои 14 сол равонаи зиндони шадид кард.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала